Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
[128] чунон ки гуфтааст: «Ва мо мин доббатин фи-л-арзи илло ала-л-Лоҳи ризкуҳо»1. Ва мутаяққин шудан, ки онро биёбад ва он чи муқаддар аст, ба вай бирасад. Ва ҳар гоҳ, ки ин маъни бар дили вай ғолиб гардад, дар талаб иҷмол кунад ва ҳирсу шараҳ ва таассуфи он чи фоит шавад, дар дили вай қавӣ набошад ва ҷумлаи он тоатҳо ва хӯйҳои писандида самара диҳад.
Ва севвум он ки бар дили вай ғолиб шавад, ки ҷазои андаку бисёр аз некиву бадӣ ба вай бихоҳад расид ва ин яқин аст ба хусули савобу иқоб, то нисбати тоат ба савоб ҳамчунон донад, ки нисбати нон ба серӣ ва нисбати маъсият ба иқоб, ҳамчунон ки нисбати захр ба ҳалок. Ва чунон ки толиби серӣ дар таҳсили нон ҳарис бошад ва андаку бисёри он нигоҳ дорад, бар андаку бисёри тоат ҳамчунон ҳирс намояд. Ва чунон ки аз андаку бисёри захр бипарҳезad, аз андаку бисёри маъсият муҳтариз бошад. Ва яқин дар ин боб ба маънии аввал ҳамаи мӯъминонро мавҷуд бошад, аммо ба маънии дуввум махсус аст ба муқаррабон. Ва самараи ин яқин сидқи муроқабат бошад дар ҳаракоту саканот ва хатарот2 ва муболағат дар парҳезгорӣ ва эҳтироз аз бадиҳо. Ва ҳар чи ин яқин ғолибтар, эҳтироз бештар ва ташаммур3 қавитар.
Ва чаҳорум он ки мутаяққин бошад, ки Ҳаққ таъоло дар ҳама ҳолҳо бар ӯ мутталеъ аст ва ҳавоҷиси4 замир ва хафоёи хотирҳо ва андешаҳои ӯро мушоҳид. Ва ин ба маънии аввал – ва он адами шакк аст – ҳар мӯъминеро ҳаст. Ва аммо ба маънии дуввум – ва мақсуд он аст – азиз5 аст ва ба сиддиқон махсус. Ва самараи ӯ он аст, ки мардум дар хил-
1 Ҳуд, 11:6.
2 Хатарот – (ҷамъи хатрат), он чи бар хотир гузарад, андеша.
3 Ташаммур – доман дарчидан.
4 Ҳавоҷис – (ҷамъи ҳоҷис), васвасаҳо.
5 Азиз – нодир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор