Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ват баадаб бошанд дар ҳама корҳои худ, чунон ки касе дар мушоқадаи подшоҳе бузург, ки вайро мебинад нишинад, ки ӯ доим хомӯш ва чашм дар пеш андохта бошад бо адабу хештандорӣ ва эҳтироз аз ҳар ҳаракате, ки мухолифи ҳайати адаб бошад. Ва дар андешаи ботин ҳамчун бошад, ки дар амали зоҳир, чи муҳаққақ аст, ки Ҳаққ таъоло бар сирри ӯ мутталеъ аст, чунон ки халқ бар зоҳири ӯ. Ва муболағати ӯ дар ободонии ботин ва покиву ороиши он ба ҷиҳати назари Ҳаққ таъоло, ки дар калоати1 он аст, беш аз он бувад, ки дар ороиш барои мардумон. Ва аз ин мақом дар яқин, шарму тарс ва шикастагиву нармӣ ва бечорагиву фурӯтанӣ ва ҷумлаи он хӯйҳои сутуда ҳосил шавад ва аз ин хӯйҳо анвои тооти рафеъ.
Пас, яқин дар ҳар бобе аз ин бобҳо чун дарахтест ва ин ахлоқи дил чун шоҳаҳои он ва он аъмол ва тоот, ки аз ахлоқ содир аст, чун меваҳо ва шукуфаҳо. Пас, яқин бунёд ва асл аст ва маҷорӣ ва аббоби ӯ беш аз он аст, ки шумурдем. Ва он дар «Рубъи мунҷиёт» бихоҳад омад. Ва ин миқдор дар тафҳими маънии лафз дар ин ҳол басандааст.
Нӯҳум он аст, ки андӯҳноку шикаста [129] ва хомӯшу чашм дар пешандохта бошад ва асари тарс дар ҳайату ҷома ва сирату ҳаракат ва сукуну хомӯшиву гӯёии вай зоҳир шавад. Ва ҳеҷ нигарандае дар вай манигарад, ки на назари2 ӯ ёддиҳандаи Худой бошад ва сурати ӯ далели амали ӯ шавад, чи: «ал-Ҷаводу айнуҳу фироруҳу». Масале машҳур аст, ай асби некро айни ӯ ба ҷои дандон дидани ӯст. Чи уламои охират ба симову сакина ва нармиву тавозӯъ шинохта шаванд ва гуфтаанд: «Ҳаққ таъоло ҳеҷ бандаро либосе хубтар аз либоси фурӯтании бо сакина [ташриф] напӯшонда аст, чи он либоси анбиё ва симои сиддиқону уламост».
1 Калоат — ҳифз, нагаҳбонӣ.
2 Назар — дидор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор