Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва аммо дар афтодан дар сухан ва изҳори фасоҳат ва бисёр ҳандидан ва тезӣ дар ҳаракат ва сухан – ин ҳама аз осори анбордагӣ ва амну ғафлат аст аз бузургии азоб ва сахтии хашми Ҳаққ таъоло ва он одати абнои дунёст, ки аз Худой ғофиланд, на одати олимон бад-ӯ. Бад-он чи олимон, чунон ки Саҳли Тустарӣ гуфтааст, се қисманд: яке олим ба амри Худой на ба айёми Ӯ ва эшон фатводиҳандагонанд дар ҳалолу ҳаром ва ин илм мӯҷиби ҳашат набошад; ва дуввум олиманд ба Худой на ба амри Худой ва ба айёми Ӯ ва эшон умуми мӯъминонанд; ва севвум олиманд ба Худой ва ба амри Худой ва ба айёми Худой ва эшон сиддиқонанд ва ҳашяту хушӯъ ҷуз бар эшон ғолиб набошад. Ва ба айёми Худой анвои уқубатҳои ғомиз ва неъматҳои ботин хостааст, ки бар қарнҳои мутақаддим ва мутааххир ифозат фармудааст. Ва ҳар кӣ илми ӯ бад-ин мӯҳит шавад, тарси ӯ бисёр бошад ва фурӯтании ӯ зоҳир.
Ва Умар – разия-л-Лоҳу анҳу – гуфт: «Таъалламу-л-илма ва таъалламу ли-л-илми-с-сакината ва-л-ҳилма ва тавозаъу лиман татаъалламуна [минҳу] валаятавозаъ лакум ман ятаъаллама минкум ва ло такуну мин ҷабобирати-л-уламои фало якуму илмукум биҷаҳликум». Ай, илм омӯзед ва барои илм сакина ва ҳилм ҳосил кунед ва муаллимонро тавозӯъ намоед ва мутааллимон бояд ки шуморо тавозӯъ кунанд ва аз ҷабборони уламо мабошед, ки илми шумо [бо] ҷаҳл муқовамат накунад, ай, ҷаҳл қавитар аз илм шавад. Ва гуфтаанд, ки Ҳаққ таъоло ҳеҷ бандаро илм надод, ки на бурдбориву фурӯтанӣ ва хушхӯйӣ бо он зам гардонид ва он он аст, ки илми нофеъ аст.
Ва дар асар аст, ки ҳар киро Ҳаққ таъоло илму зуҳд ва хушхӯйӣ дод, ӯ пешвои муттақиён аст.
Ва дар хабар аст: «Инна мин хиёри умматӣ қавмун язҳакуна ҷаҳран мин саъати раҳмати-л-Лоҳи ва ябкуна сирран мин хавфи азобиҳи абдонуҳум фи-л-арзи ва қулубуҳум

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор