Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

фи-с-самои, арвоҳуҳум фи-д-дунё ва уқулуҳум [130] фи-л-охирати, ятамашшавна би-с-сакинати ва ятақаррабуна би-л-василати». Ай, аз беҳинагони уммати ман гуруҳеанд, ки ошкоро аз вусъати раҳмати Худой биханданд ва ниҳон аз тарси азоби Ӯ бигирянд, танҳои эшон дар замин аст ва дилҳо дар осмон ва ҷонҳо дар дунё ва ақлҳо дар охират, ба сакинат раванд ва ба василат тақарруб ҷӯянд.

Ва Ҳасан гуфт: «Ҳилм вазири илм аст ва рифқ базри ӯ ва тавозӯъ пероҳани ӯ, ай, ёрии ӯ аз ҳилм аст ва парвариши ӯ аз рифқ ва ороиши ӯ аз тавозӯъ». Ва Бишри Ҳорис гуфт: «Ҳар кӣ бо илм риёсат талабад, ба душмании ӯ дар ҳазрати Ҳаққ таъоло тақарруб бояд намуд, чӣ ӯ дар осмону замин мамқут1 бошад».

Ва дар исроилиёт2 омадааст, ки ҳакиме аз ҳукамо се-саду шаст китоб тасниф кард дар ҳикмат, то бад-он сабаб ба ҳикмат мавсуф шуд. Пас Ҳаққ таъоло ба пайғамбари эшон ваҳӣ фиристод, ки вайро бигӯй, ки заминро пури бисёргӯйӣ кардӣ ва ба чизе аз он толиби ризои Ман набудӣ ва Ман аз бисёргӯйии ту чизе қабул накунам. Он ҳаким пушаймон шуд ва тарки тасниф гирифт ва бо авом муҳолатат кард ва дар бозорҳо рафт ва бо Бани Исроил ҳамнамак шуд ва дар нафси худ тавозӯъ намуд. Бори дигар ваҳӣ омад, ки ӯро бигӯй, ки акнун мувофиқи ризои Ман шудӣ.

Ва Авзоӣ [гуфт, ки Билоли Саъд гуфт: «Яке аз шумо ба шӯртие3 нигарад ва аз вай ба Худой – азза ва ҷалла – истиозат кунад] ва ба олимони дунё, ки худро барои халқ биҷӯянд ва чашми риёсат доранд, нигарад, пас вайро душман нагирад. Ӯ ба душманоягӣ сазовори он шӯрти аст».

пешина
аз 567
навбатӣ