Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва дар ривоят омадааст, ки аз Пайғомбар - алайҳи-с-салом - пурсиданд, ки кадом кор фозилтар? Фармуд: «Иҷтинобу-л-маҳорими ва ло язолу фука ратбан бизикри-л-Лоҳи». Ай, аз маҳорим эҳтироз намудан ва ба зикри Худой ратбуллисон будан. Гуфтанд: «Кадом кас аз ёрон беҳтар?» Фармуд: «Соҳибун ин закарта аъонака ва ин насийта заккарака». Ай, ёре, ки дар ҳоли зикр туро ёрӣ кунад ва дар ҳоли фаромӯшӣ ёд диҳад. Гуфтанд: «Кадом кас аз ёрон [ба-тар?]». Фармуд: «Соҳибун ин [насийта] лам юзаккирка ва ин закарта лам юъинка». Ай, ёре, ки агар фаромӯш кунӣ, туро ёд надиҳад ва агар зикр гӯйӣ, ёрӣ накунад. Гуфтанд: «Кадом кас олимтар?». Фармуд: «Ашаддуҳуму-л-Лоҳи хашятан». Ай, он ки аз Худой тарсандатар. [Гуфтанд]: «Моро аз беҳинагони мо огоҳ кун, то ҳамнишинони эшон бошем». Фармуд: «Ал-лазина изо руъу зукира-л-Лоҳу таъоло». Ай, он касон, ки чун дида шаванд аз Худой ёд ояд. Гуфтанд: «Кадом кас аз мардумон батар?». Ҷавоб нафармуд ва гуфт: «Аллоҳумма ғафран». Ай, бор Худой биёмурз! Бори дигар пурсиданд, фармуд: «Ал-уламоу изо фасаду». Ай, олимон чун табоҳкор бошанд. [131]

Ва Пайғомбар - алайҳи-с-салом - гуфт: «Инна аксара-н-носи амонан явма-л-қиёмати аксаруҳум фикран фи-д-дунё ва аксара-н-носи зиҳкан фи-л-охирати аксаруҳум букоан фи-д-дунё ва ашадда-н-носи фараҳан фи-л-охирати ат-валуҳум ҳузнан фи-д-дунё». Ай, касе, ки андеша ва гиряи ӯ дар дунё бештар бошад ва андӯҳи ӯ дарозтар, амн ва хандаи ӯ рӯзи қиёмат бештар бошад ва шодии ӯ қавитар.

Ва Алӣ гуфт - разия-л-Лоҳу анҳу - дар хутбае: «Зиммати раҳинатун ва ано заъимун ло яхиҷу ала-т-тақво заръу қавмин ва ло язмау ала-л-худо синҳу аслин ва инна аҷҳала-н-носи ман ло яърифу қадраҳу ва инна абгаза-л-халқи ила-л-Лоҳи таъоло раҷулун қамаша илман ағора биҳи фи ағбоши-л-фитнати саммоҳу ашбоҳу-н-носи ва арозилуҳум олиман ва

пешина
аз 567
навбатӣ