Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

бошанд, вайро олим ном кунанд ва ӯ як рӯз ба саломат дар илм иқомат нанамуда бошад ва бисёр хоста аз чизе, ки андаке аз он беҳ, ки бисёр. Ай, илмҳое, ки истиксор ва истиқсо дар он сутуда нест. То чун аз оби мутағайир сероб шуд ва чизи беманфаат бисёр ҷамъ кард ба фатво машғул [шавад], то он чи бар ғайри ӯ пӯшида шудааст, рӯшан кунад. Ва агар воқеае мубҳам вайро пеш ояд, ҳашви орои худ барои он сохта дорад ва мӯътамади ӯ дар қатъи он шубҳатҳо чун тори анкабут бошад, ай, дар ғояти заъф бувад.
Надонад, ки хато гуфт ё савоб, ҷаҳлҳо иртикоб намояд ва дар корҳои мултабаси муштабаҳ нодониста ҳавз кунад. Аз он чи надонад узр нахоҳад, то ба саломат бимонад ва бар илм дандон бияфшорад, то ғанимат ба даст орад. Ривоятро мепаронад, чунон ки бод гиёҳи хушки бирезандаро, ай, дурӯғ ифтиро кунад ва аз оқибат наандешад. Хунҳои ноҳақ аз ҳукми ӯ гирён ва фарҷҳои ҳаром аз қазои ӯ чун ҳалол.
Он чи бар вай ворид шавад ба исдори он ғанӣ набусад ва он чи бад-он вайро ситоянд, аҳлияти он надорад. Эшон он ҷамоатанд, ки уқубатҳо бар эшон нозил шудааст ва навҳаву гиря бар [эшон дар] айёми ҳаёт воҷиб гашта.

Ва ҳам Алӣ гуфт – разия-л-Лоҳу анҳу: «Изо самиътуму-л-илма факзиму алайҳи ва ло туҳаллитуҳу биҳазлин фатамуҷҷуҳу-л-кулубу». Ай, чун илм шунавед, онро фурӯ хӯред ва ба ҳазл маёмезед, ки дилҳо онро қабул накунад.
Ва баъзе аз салаф гуфтанд: «Ҳар кӣ бихандад, илм берун андохта бошад». Ва гуфтаанд: «Чун дар муаллим се чиз ҷамъ шавад: сабру тавозӯъ ва хушхӯйӣ, неъмат бар мутааллим тамом шуда бошад. Ва чун дар мутааллим се хислат фароҳам ояд: ақлу адаб ва ҳусни фаҳм, неъмат бар муаллим тамом шавад». Ва дар ҷумла, хӯйҳое, ки Қуръон бадон ворид аст, уламои охират аз он холӣ набошанд, зеро ки эшон Қуръон барои амал омӯзанд, на барои хондан.

Ибни Умар гуфт: «Муддате аз рӯзгор зистем ва дидем,

пешина
аз 567
навбатӣ