Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ки якеро аз мо имон пеш аз Қуръон ҳосил шудӣ ва чун сурате нозил гаштӣ, ҳалолу ҳаром ва амру заҷри он ва он чи дар он мувофақат бояд намуд, бидонистӣ. Ва пас аз он ҳам мардонро дидам, ки Қуръон яке аз эшонро пеш аз имон ҳосил шуд ва ӯ аз аввал то охир мехонад ва омиру зоҷири он ва он чи дар он тавакқуф бояд [133] кард надонад ва чунон ки хурмои бадро фурӯ резанд, онро фурӯ мерезад, ай, ба зудӣ бе хушӯъу тафаккур мехонад». Ва дар асари дигар ҳам мисли ин аст, ки мо ёрони Пайғомбар – алайҳи-с-салом – будем, имон пеш аз Қуръон ёфта будем ва ба зудӣ пас аз шумо гурӯҳе оянд, ки Қуръон пеш аз имон ёбанд, ҳарфҳои онро иқомат кунанд ва ҳаддҳои онро зоеъ гардонанд, гӯянд: «Хондем ва аз мо хонандатар кист? Ва донистем ва аз мо донотар кист?» Ва ин насиби эшон бошад. Ва дар ривояте дигар омадааст: «Эшон батарини ин уммат бошанд».
Ва гуфтаанд: панҷ хӯй аст, ки аз аломоти уламои охират аст ва аз панҷ оят мафҳум мешавад: тарскорӣ ва фурӯтанӣ ва тавозӯъ ва хушхӯйӣ ва гузидани охират [бар] дунё – ва он зуҳд аст. Тарскорӣ аз қавли Худой – азза ва ҷалла: «Иннамо яхшал-Лоҳа мин ибодиҳил-уламоу»³. Ва фурӯтанӣ аз қавли ӯ: «Хошиъина лил-Лоҳи ло яштаруна биоётил-Лоҳи саманан қалилан»⁴. Ва тавозӯъ аз қавли ӯ: «Вахфиз ҷаноҳака лимани-т-табаъака»⁵. Ва хушхӯйӣ аз қавли ӯ: «Фабимо раҳматин минал-Лоҳи линта лаҳум»⁶. Ва зуҳд аз қавли ӯ: «Ва қолаллазина уту-л-илма вайлакум савобул-Лоҳи хайрун»⁷. Ва чун Пайғомбар ин оят бихонд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор