Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
«Фаман юриду-л-Лоҳу ан яхдияҳу яшраҳ садраҳу ли-л-ислом»¹. Гуфтанд: «Шарҳ чӣ бошад?» Фармуд: «Инна-н-нура изо қузифа фи-л-қалби-н-шараҳа лаҳу-с-садру ванфасаҳа». Ай, нур чун дар дил афтад, сина кушода ва фарох шавад. Гуфтанд: «Онро ҳеҷ аломате бошад?» Фармуд: «Наъам, ат-таҷофи ан дори-л-ғурури ва-л-инобату ило дори-л-хулуди ва-л-истиъдоду ли-л-мавти қабла нузулиҳи». Ай оре, дур шудан аз сарои ғурур ва бозгаштан ба сарои хулуд ва сохтаи марг шудан пеш аз нузули он.
Даҳум он ки бештари баҳси ӯ аз илми аъмол бошад ва он чи онро табоҳ кунад ва дилро мушаваш гардонад ва сабаби таҳйиҷи васваса ва исорати² шар шавад. Чӣ [асл] дар нигоҳ доштани худ аст аз бадӣ. Ва барои ин гуфтаанд:
Арафту-ш-шарра ло ли-ш-шарри локин литаваққиҳи, Ва ман ло яърифу-ш-шарра мина-н-носи яқаъ фиҳи.
Ай, бадиро на аз ҷиҳати бадӣ шинохтам, бал то аз он эҳтироз кунам ва ҳар кӣ бадиро нашиносад, аз он эҳтироз натавонад кард. Ва низ аъмоли феълӣ қариб аст ва ақсои он мувозабатест бар зикри Ҳаққ таъоло ба дилу забон. Ва кор дар шинохти он чиз аст,³ ки онро табоҳ кунад ва мушававаш гардонад. Ва ин аз он ҷумла аст, ки шоҳаҳои он бисёр аст ва тафреҳи он дароз ва ҳамаи он аз он ҷумла аст, ки дар ғолиби амр ҳоҷат бад-он мосса аст ва соликони роҳи охиратро дар он балвои омм аст⁴. [134]
Ва аммо уламои дунё тафриоти ғарибро, ки дар қазоё
¹ Анъом, 6:125.
² Исорат – барангехтан.
³ Ва кори муҳим дар шинохтан...аст.
⁴ Сахт ба он ҳоҷат аст ва ибтилои соликони роҳи охират бад-он омм аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор