Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ва ҳукумот бошад, мутобаат кунанд ва дар вазъи суратҳое, ки рӯзгорҳо гузарад ва воқеъ нашавад, ранҷ баранд ва агар воқеъ шавад, ҷамоате бисёр бошанд, ки ба ӯҳдаи он қиём намоянд ва он чӣ мулозими эшон аст ва дар хавотир ва васвос ва аъмоли эшон дар шабу рӯз мукаррар шавад, муҳмал гузоранд. Ва чӣ дур бошад аз саодат, касе, ки [муҳимми] нафси худ, [ки] лозими вай бошад, бигузорад ва ба муҳимми дигаре, ки нодир бувад, машғул шавад, барои он ки қабули халқ ва қурбати эшонро бар қурбати Ҳаққ таъоло баргузинад ва шараҳ1 намояд дар он чӣ баттолони абнои дунё вайро фозил ва муҳаққиқ ва донандаи дақоиқ хонанд. Ва ҷазои ӯ аз Ҳаққ таъоло он бошад, ки дар дунё аз қабули халқ [манфаате] натавонад гирифт, бал сафои он ба ҳаводиси рӯзгор мукаддар шавад ва рӯзи қиёмат муфлис монад, бад-он чӣ суди амалкунандагон ва фавзи муқаррабон мушоҳада кунад, дар ҳасрат афтад ва он хусрони мубин бошад.

Ва ҳамгинон муттафиқ шудаанд, ки сухани Ҳасани Басрӣ ба сухани анбиё монандтар аз сухани дигарон буд ва равиши ӯ ба равиши саҳоба наздиктар. Ва бештари сухани ӯ дар хавотири дилҳо ва фасоди аъмол ва васвоси нуфус ва сифатҳои пӯшидаи ниҳонӣ аз шаҳавоти нафс [аст]. Ва ӯро гуфтанд: «Ту сухане мегӯй, ки аз ғайри ту намешунавем, аз кӣ гирифтай?» Фармуд, ки аз Ҳузайфаи Ямон. Ва Ҳузайфаро гуфтанд: «Аз ту сухане мешунавем, ки ҷуз ту касе аз саҳоба онро намегӯяд, аз куҷо омухтай?» Фармуд, ки Пайғамбар — алайҳи-с-салом — маро бад-он маҳсус кардааст, мардумон вайро аз некӣ пурсидандӣ ва ман аз бадӣ аз бими он ки надониста дар он афтам ва медонистам, ки некӣ аз ман фавт нахоҳад шуд. Ва гоҳе чунин гуфтӣ, ки ҳар кӣ бадӣ нашиносад, [некӣ нашиносад]. Ва дар ривояте дигар мардумон гуфтандӣ: «Ё Расулаллоҳ! Касе, ки чунину

пешина
аз 567
навбатӣ