Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

чунин кунад, вайро чӣ савоб бошад?» Ва аз фазоили аъмол пурсидандӣ ва гуфтаме: «Ё Расулаллоҳ! Чунину чунинро чӣ чиз табоҳ кунад?» Пас чун маро дид, ки аз офоти аъмол мепурсам, маро бад-ин илм махсус гардонид».

Ва Ҳузайфа ба илми мунофиқон ҳам махсус буд ва мутафаррид ба маърифати нифоқ ва асбоби он ва дақоиқи фитнаҳо. Ва Умару Усмон ва акобири саҳоба – разия-л-Лоҳу анҳум – аз фитнаҳои омму хосс вайро суол кардандӣ ва аз мунофиқон вайро пурсидандӣ ва ӯ ба адади боқимондагон эҳбор кардӣ ва номҳои эшон бигуфтӣ. Ва Умар ӯро аз нафси худ пурсидӣ, ки чизе аз нифоқ дар ӯ медонӣ?¹ Ва ӯ аз он вайро мубарро кард. Ва Умарро чун ба намози ҷанозае хондандӣ, бинигаристӣ, агар Ҳузайфа ҳозир шудӣ, намоз бигузордӣ ва илло тарк гирифтӣ. Ва ӯро соҳиби сирр хондандӣ.

Ва иноят дар мақомоти дил ва аҳволи он одати уламои охират аст, бад-он чи дар қурби Ҳаққ таъоло [135] дил саъй намояд. Ва ин фанн мундарис шудааст ва чун олим чизе аз он мегӯяд, мустағраб ва мустабъад мешумуранд ва мегӯянд: «Ин тазвики² музаккирон аст, таҳқиқ кӯ?» Ва дақоиқи муҷодалотро таҳқиқ медонанд. Ва рост гуфтааст он ки гуфтааст:

Ат-туруку шатто ва туруку-л-ҳаққи муфрадатун,
Ва-с-соликуна тариқа-л-ҳаққи афроду.
Ло юърафуна ва ло тудро мақосидуҳум,
Фаҳум ало маҳлин ямшуна қуссоду.
Ва-н-носу фи ғафлатин аммо юроду биҳим,
Фаҷуллуҳум ан тариқи-л-ҳаққи руккоду.

Роҳҳо мухталиф аст ва роҳи ҳаққ муфрад аст ва соли-

¹ Медонӣ - мешиносӣ.
² Тазвик – оростани сухан, суханоройӣ.

пешина
аз 567
навбатӣ