Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

кони роҳи ҳақ ягонаанд. Шинохта нашаванд ва мақосиди эшон дониста наояд ва эшон ба оҳистагӣ ва иқтисод мераванд. Ва мардумон ғофиланд аз он чӣ мурод аст дар эшон. Ва ҳама аз роҳи ҳақ бехабару хуфтаанд. Ва дар ҷумла, майли бештари халқ набусад, магар сӯи он чӣ осонтар ва табъҳои эшон [ро] мувофиқтар. Чӣ ҳақ талх ва вуқуф бар он саъб ва идроки он сахт ва роҳи он дурушт, хосса маърифати сифатҳои дил ва пок кардани он аз хӯйҳои накӯҳида. Чӣ он ҷон додани пайваста аст ва соҳиби он ба манзалати дорухӯранда аст, ки бар талхии он ба умеди шифо сабр кунад ва дар масобати он ки ҳамаи умр дар рӯза бошад ва сахтиҳо таҳаммул кунад, то дар ҳоли марг ифтори вай бошад. Ва дар чунин роҳе рағбатҳо кай бисёр шавад! Ва барои ин гуфтаанд, ки дар Басра саду бист воиз ва музаккир буданд ва дар илми яқин ва аҳволи дилҳо ва сифатҳои ботин касе сухан нагуфтӣ магар [се] кас: чун Саҳли Тустарӣ ва Субайҳӣ ва Абдурраҳим. Ва дар маҷлиси [он] ҷамоат халқи бисёр бешуморе будӣ ва дар маҷлиси ин [се] кас ададе андак ва кам будӣ, ки [гоҳе] аз даҳ даргузаштандӣ. Бад-он чӣ нафиси азиз ҷуз аҳли хусусро нашояд ва он чӣ умумро мабзул аст, кори он саҳл аст.

Ёздаҳум он ки эътимоди ӯ дар илмҳо бар басират бувад ва дарёфтан ба сафои дил, на бар китобҳо ва тақлиди мардумон, чӣ тақлид набояд кард магар соҳиби шаръро дар он чӣ фармудааст ва гуфта. Ва саҳобаро тақлид намекунем, магар аз он рӯй, ки феъли эшон далел аст ва шунидани эшон аз Пайғомбар – алайҳи-с-салом. Ва чун соҳиби шаръро тақлид кард дар талаққии ақволу афъоли Ӯ, ба қабул бояд ки ҳарис бошад бар фаҳми асрори он, чӣ мукаллид феъле накунад магар барои он ки Пайғомбар кардааст. Ва Пайғомбар ҳаройина барои сабабе кардааст, пас бояд ки дар баҳс аз асрори аъмолу ақвол мутобаат намояд. Чӣ агар

пешина
аз 567
навбатӣ