Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ба ҳифзи он чӣ гӯянд басанда кунад, ӯ виоъи¹ илм бошад ва олим набувад. Ва барои он гуфтанд: «Фулон кас аз авъияи илм аст». Ва олим нахондандӣ чун кори ӯ ҳифз будӣ, бе он ки бар ҳикаму асрор мутталъеъ шавад. Ва ҳар кӣ парда аз дили ӯ мункашиф шуд ва ба нури ҳидоят [рӯшан] гашт, ӯ дар нафси худ матбӯъ ва муқаллид бувад, пас набояд ки ғайреро тақлид кунад.
Ва ба ҷиҳати ин Ибни Аббос гуфт: «Ҳеҷ кас нест, ки на аз илми ӯ баъзе бибояд гирифт ва баъзе бигузошт, магар Пайғамбар». Ва ӯ фиқҳ аз Зайди Собит омӯхт ва қироат аз Убайи Каъб, пас ҳар дуро дар фиқҳу қироат хилоф кард.
Ва баъзе гуфтаанд, ки он чӣ аз Пайғомбар – алайҳи-с-салом – ба мо расид, онро ба сару дида қабул кардем ва он чӣ аз саҳоба расид, баъзе гирифтем ва баъзе гузоштем ва он чӣ аз тобеин расид, эшон мардонанд ва мо мардонем. Ва фазли саҳоба бад-он аст, ки қароини аҳволи Пайғомбарро мушоҳада кардаанд ва дилҳои эшон ба корҳое овехтааст, ки онро ба қароин дарёфтаанд, ки дар ривоят ва иборат дохил нашавад ва он эшонро ба савоб расонад. Чӣ аз нури нубувват бар эшон он фоиз шудааст, ки дар бештари аҳвол эшонро аз хато нигоҳ дорад. Ва чун эътимод бар чизе, ки аз ғайр шунавӣ, тақлид нописанда аст, эътимод бар кутуб ва таснифот баидтар. Бал кутуб ва тасониф муҳдас аст ва дар замони саҳоба ва садри тобеин чизе аз он набуд ва пас аз саду бист сол аз ҳиҷрат ҳодис шудааст ва пас аз вафоти саҳоба ва бузургони тобеин ва пас аз вафоти Саид ибни Мусайяб ва Ҳасан ва хиёри² тобеин. Бал мутақаддимон набиштани аҳодис ва таснифи кутубро қароҳият доштанд, то мардумон аз ҳифз ва аз Қуръон ва аз тадаббуру тафаккур бад-он машғул нашаванд ва гуфтандӣ ёд гиред, чунон ки мо ёд гирифтеме. Ва барои ин Бӯбакри Сиддиқ ва
1 Виоъ – Зарф, ованд.
2 Хиёр – баргузида.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор