Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ҷамоате аз саҳоба – разия-л-Лоҳу анҳум – [аз] навиштани Қуръон дар мусҳаф кароҳият доштанд ва гуфтанд: «Чӣ гуна кунем чизе, ки Пайғомбар накардааст?» Ва битарсиданд аз он чӣ мардумон бар мусҳаф эътимод кунанд. Ва гуфтанд: «Қуръонро бигузорем то баъзе аз баъзе ба талаққуф бигиранд, то шуғл ва ҳиммати эшон он бошад». То он гоҳ, ки Умар ва бақияти саҳоба ишорат фармуданд ба навиштани Қуръон аз бими коҳилӣ ва фурӯгузошти мардумон ва аз тарси он ки дар калимае ё дар қироате аз муташобиҳот низоъе равад ва асле набошад, ки бад-ӯ руҷӯъ кунад. Пас, дили Бӯбакр барои он кушода шуд ва Қуръонро дар як мусҳаф ҷамъ карданд. Ва Аҳмади Ҳанбал таснифи Муваттаъро бар Молик инкор кард ва гуфтӣ: «Чизе нав макун, ки саҳоба он накардаанд».
Ва гуфтаанд: «Аввал китобе, ки дар ислом сохтанд китоби Ибни Ҷурайҷ буд дар осор ва ҳарфҳои тафосир аз Муҷоҳид ва Ато ва асҳоби Ибни Аббос дар Макка. Пас китоби Маъмари Рошиди [Санъонӣ], ки дар ӯ суннатҳои мансур мубавбаб ҷамъ кардааст дар Яман, пас китоби «Муваттаъ»-и Молики Анас дар Мадина, пас «Ҷомеъ»-и Суфёни Саврӣ».
Пас, дар қарни чаҳорум [137] мусаннафоти калом пайдо омад ва ҳавз дар муҷодала ва ибтоли мақолот бисёр шуд. Пас мардумон ба калом ва ба қиссаҳо ва панд додан бад-он рағбат намуданд ва илми муттақиён аз он рӯз боз рӯй ба индирос¹ ниҳод. Ва пас аз он илми дилҳо ва тафтиш аз сифоти нафс ва кайдҳои шайтон мустағраб шуд ва рӯй аз он бигардониданд магар андаке. Ва чунон шуд, ки муҷодили мутакаллимро ва қиссагӯйро, ки сухани худро ба иборатҳои мусаҷҷаъ биёростӣ, олим хонданд, чи шунавандагон авом буданд ва ҳақиқати илмро аз ғайри он тамйиз намекарданд ва сирати саҳоба ва илмҳои эшон намедони-
1 Индирос – нопадид шудан, аз миён рафтан, кӯҳна шудан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор