Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

равад ба қисмати чаҳоруми «Усул» дохил менамояд. Ба ин шакл табақабандӣ кардани илмҳо аз ҷониби Ғаззолӣ сабаби худро дошт, зеро чӣ тавре ки Гольдсиер таъкид намудааст,1 мутафаккир ба мисли гурӯҳе аз шофеимазҳабони Хуросон, аз қабили Абӯҳомиди Исфароинӣ (344–406ҳ./955–1015м.) ва дигарон бар хилофи Қаффоли Марвазӣ (327–417ҳ./939–1026м.) ва ҷонибдорони ироқии вай қиёсро баробари Қуръон, суннат ва иҷмоъ намешуморид ва мартабаи қиёсро ба ҳеҷ ваҷҳ ба мартабаи онҳо баробар намедонист.

Ба ҳамин тариқ бархӯрди умумӣ аз илмҳои зикршуда ва таҳлилу ҷобаҷогузории онҳо аз ҷониби Ғаззолӣ нишон медиҳад, ки мутафаккир дар чаҳорчӯбаи як низоми муайян кӯшидааст шакли куллӣ ва паҳлӯҳову пайвасти мантиқии байниҳамдигарии онҳоро бо як маҳорати хуби олимона пешкаш созад. Вале бо пешниҳод кардани ин низом ва баррасии умумии он Ғаззолӣ кори худро анҷомнаёфта шумурда, дар марҳилаи баъдӣ даст ба таҷзияи ҷузвҳои ин илмҳо, моҳияту хусусият ва ҷову мавқеъ, инчунин нақшу мақоми онҳо дар ҷомеаи исломӣ мезанад. Вай бахусус аз илми фиқҳ, инҳирофи олимони фақеҳ аз асли мақсад, беэътиноии онҳо ба бунёдҳои динӣ ва шариати ислом, сӯистифодаи фақеҳон аз мақому мартабаи худ ва ғайраҳо ҷиддан ба ташвиш омада буд. Ҳамин аст, ки муносибати Ғаззолӣ ба илми фиқҳ шакли хосса дошт. Он масъалаҳое, ки дар боло таҳлил намудем масъалаҳои асосии фиқҳро дар бар гирифта буданд, вале танҳо шарҳи онҳо наметавонанд тамоми баҳсҳои илми фиқҳро дар бар гиранд. Дар робита ба ин бояд масъалаҳои фиқҳшиносии Ғаззолӣ, яъне ҷою мақоми илми фиқҳро дар миёни дигар илмҳо таҳлил намуд. Унвони боби дуввуми «Китоби илм», ки

1 far. Goldsier The Zahiris. Leiden. 1971. - C. 167.

пешина
аз 567
навбатӣ