Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
станд, ки бад-он мубоя нати ин ҷамоат [ва] саҳобаро бишиносанд. Пас номи уламо бар эшон мустамирр шуд ва ин лақаб аз салаф ба халаф расид. Ва илми охират дарнавишта шуд1. Ва миёни илм ва сухангӯй фарқ намонд, магар наздики хавосс, ки чун эшонро гуфтандӣ: «Фӯлон олимтар ё фӯлон?» Гуфтандӣ: «Фӯлон бисёрилмтар ва фӯлон бисёрсухантар». Ва хавосс фарқ миёни илм ва миёни қудрат бар сухан медонистанд. Ва ҳамчунин дар қарнҳои мутақаддим дин заиф шуд, пас дар ин рӯзгор чӣ гумон тавон бурд? Ва кор ба ҷое анҷомидааст, ки зоҳиркунандаи инкор ба девонагӣ мансуб шавад, пас авло он аст, ки хомӯш бошад ва ба нафси худ машғул гардад.
Давоздаҳум он ки аз корҳои муҳдас бағоят муҳтариз бошад, агарчи ҷумҳур бар он иттифоқ кунанд. Ва бояд ки ба иттифоқи халқ бар чизе, ки пас аз саҳоба эҳдос кардаанд, фирефта нашавад ва ҳарис бошад бар тафтиш аз аҳволи саҳоба ва сират ва аъмоли эшон ва он чи бештар ҳиммати эшон дар он буд. Бинигарад, ки дар тадрису тасниф ва мунозараву қазо ва вилояту таваллии авқоф ва васоё ва [хӯрдани] моли ятимон ва мухолатати салотин бувад ё дар тарсу андӯҳ ва тафаккуру муҷоҳада ва муроқибати ботину зоҳир ва эҳтироз аз андаку бисёри базаҳкорӣ ва ҳавз бар дарёфти шаҳватҳои пӯшидаи нафс ва қайдҳои шайтон ва дигар илмҳои [ботил].
Ва ба таҳқиқ бидон, ки олимтари [аҳли] ин рӯзгор ва наздиктари эшон ба ҳаққ он аст, ки монандатар аст ба саҳоба ва шиносандатар тариқи салафро, чи дин аз эшон гирифта шудааст. Ва барои он чун Алиро — разия-л-Лоҳу анҳу — гуфтанд: «Фӯлонро хилоф кардӣ», фармуд: «Хайрӯно атбаъуно лиҳоза-д-дини». Ай, беҳтари мо он кас аст, ки ин динро мутобеътар аст. Пас набояд, ки дар мувофақати
1 Дарнавишта шуд – тай шуд, дарнавардида шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор