Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

аҳли асри Пайғомбар аз мухолафати аҳли асри худ битарсӣ, чӣ мардумон ба майли табъҳо раъйе ихтиёр кардаанд ва нафсҳои эшон мусоҳамат намекунад бад-он чӣ эътироф намоянд, ки он сабаби ҳирмони эшон аст аз биҳишт. Пас даъвӣ мекунанд, ки тариқи биҳишт ҷуз он нест.

Ва барои он Ҳасан гуфт: «Дар ислом ду чиз муҳдас аст: яке марде бо раъйи бад, ки гӯяд: «Биҳишт он касрост, ки бар ин раъй аст [138] ва дуввум [анбордаи]¹ дунёпараст, ки хашм ва хушнудии вай барои он бошад ва онро талабад. Ин ҳар дуро дар оташ андозанд. Ва марде, ки миёни ин ду бошад – яке [анбордае, ки] вайро ба дунё хонад ва дуввум мубтадеъе, ки ба ҳавои хеш даъват кунад ва Ҳаққ таъоло вайро аз ҳар ду нигоҳ дорад – ва ӯ аз афъоли салафи солеҳ пурсад ва пасравии осори эшон кунад, дар маҳрази савобе бузург бошад. Пас ҳам бар ин ҷумла мебояд буд.

Ва аз Ибни Масъуд мавқуфу марфӯъ ривоят кардаанд, ки гуфт: «Иннамо ҳумо иснон: ал-калому ва-л-ҳадю. Фааҳсану-л-каломи калому-л-Лоҳи, азза ва ҷалла, ва аҳсану-л-ҳадии ҳадю Муҳаммадин, сала-л-Лоҳу алайҳи ва саллама, ало ва ийёкум ва муҳдасоти-л-умури фаинна шарра-л-умури муҳдасотуҳо ва инна кулла муҳдасатин бидъатун ва инна кулла бидъатин залолатун, ало ло ятуланна алайкуму-л-амалу² фатаксу қулубукум, ало куллу мо ҳува отин қарибун, ало инна-л-баида мо лайса биотин». Ай, асли кор нест, магар ду чиз: сухан ва равиш. Ва беҳтарини суханон сухани Ҳаққ таъоло аст ва беҳтарини равишҳо равиши Муҳаммад – алайҳи-с-салом. Ва аз корҳои муҳдас бипарҳезед, ки бадтарини корҳо муҳдасот аст, чӣ ҳар муҳдасе бидъат аст ва ҳар бидъате залолат. Ва умед дароз мадоред, ки он сабаби сахтии дилҳост. Ва бидонед, ки ҳар чӣ омаданӣ аст, наздик

¹ Анборда – бо неъмату давлат.
² Дар Шарҳи Забидӣ: (ало ло ятуланна алайкуму-л-амад) би-д-доли муҳарракати-з-замон.

пешина
аз 567
навбатӣ