Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

аст ва дур он аст, ки омаданӣ нест.

Ва дар хутбаи Пайғомбар – алайҳи-с-салоту ва-с-салом – омадааст: «Тӯбо лиман шағалаҳу айбуҳу ан уюбин-носи ва анфақа мин молин иктасабаҳу мин ғайри маъсиятин ва холата аҳла-л-фиқҳи ва-л-ҳикмати;¹ тӯбо лиман залла фи нафсиҳи ва ҳасунат халиқатуҳу ва салуҳат сариратуҳу ва азала ани-н-носи шарраҳу; тӯбо лиман амила биилмиҳи ва анфақа-л-фазла мин молиҳи ва амсака-л-фазла мин қавлиҳи ва васиқату-с-суннату ва лам яъдуҳо ило бидъатин». Ай, хунук мар он касро, ки ба айби худ чунон машғул шавад, ки ба айбҳои дигарон напардозад ва аз моле, ки бе маъсияте андӯхта² бошад [инфоқ кунад] ва бо аҳли фиқҳу ҳикмат муҳолатат дорад; хунук он касро, ки дар нафси хеш нарм бошад ва хӯйи ӯ хуш бувад ва ботин аз салоҳ [ороста] ва шарри худ аз мардумон дур дорад; хунук он касро, ки ба илми хеш кор кунад ва моли зиёдатӣ дар харҷ орад ва сухани зиёдатӣ нагӯяд ва суннат ӯро басанда бошад ва аз он нагузарад ва ба бидъат нарасад.

Ва Ибни Масъуд гуфт: «Равиши некӯ дар охируззамон беҳ аз амали бисёр». Ва ҳамӯ гуфт: [139] «Шумо дар рӯзгоред, ки беҳтари шумо он кас аст, ки дар корҳо мусораат намояд. Ва ба зудӣ рӯзгоре ояд, ки беҳтари эшон он кас бошад, ки дар корҳо тасаббут³ ва тавакқуф кунад ба сабаби бисёрии шубҳаҳо». Ва рост гуфтааст, чӣ ҳар кӣ дар ин рӯзгор тасаббут нанамояд, мувофиқи ҷумҳур бошад дар он чӣ эшонанд ва ҳавз кунад дар он чӣ эшон ҳавз мекунанд ва ҳалок шавад, чунон ки эшон ҳалок мешаванд».

Ва Ҳузайфа гуфт: «Шигифт медорам аз ин ки маъруфи шумо мункари замони гузаштааст ва мункари шумо

¹ Ба ривояти дигар тибқи Шарҳи Забидӣ: ва холата аҳла-л-фиқҳи ва-л-ҳиками ва ҷониба аҳли-з-зилали ва-л-маъсияти.
² Андӯхта – андӯхта.
³ Тасаббут – дар амре дирангу тааммул кардан, побарҷо будан.

пешина
аз 567
навбатӣ