Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

маъруфи замони оянда. Ва шумо ҳамеша ба хайр бошед, модом ки ҳаққ бишиносед ва олим дар миёни шумо мустаҳафф1 нашавад». Ва рост гуфтааст, чӣ бештари маъруфоти ин рӯзгор мункароти рӯзгори саҳоба аст, чӣ аз ғурари2 маъруфоти ин вақт оростани масҷидҳост ва харҷ кардани молҳои азим дар дақоиқи иморати он ва густурдани бисотҳои рафеъ дар он.

Ва дар асри саҳоба андохтани бӯрёро дар масҷид бидъат шумурдандӣ ва чунин гуфтаанд, ки он аз муҳдасоти Ҳаҷҷоҷ аст. Ва ҳамчунин машғул шудан ба дақоиқи ҷадал ва мунозара аз бузургтарини илмҳои ин аср аст ва чунин гӯянд, ки ин бузургтарини қурбатҳост ва он аз мункарот бувад. Ва яке аз он ҷумла талхини3 бонги намоз ва Қуръон аст ва дигар таассуф4 дар назофат ва васваса дар таҳорат ва тақдири5 асбоби байд дар палидии ҷомаҳо, бо ғояти мусоҳалат дар ҳаллу ҳурмати таомҳо ва назоири он. Ва рост гуфтааст Ибни Масъуд он чӣ гуфтааст, ки шумо имрӯз дар замонед, ки дар ӯ ҳаво тобеи илм аст ва ба зудӣ замоне ояд, ки илм тобеи ҳаво бошад. Ва Аҳмад гуфтӣ: «Илм бигузоштанд ва рӯй ба ғароиб оварданд ва фиқҳи эшон дар ғояти қиллат аст». Ва-л-Лоҳу-л-мустаъон.

Ва Молики Анас гуфт: «Мардумон дар замони пешин аз ин корҳо напурсидандӣ чунон ки дар ин вақт мепурсанд ва уламо ҳалолу ҳаром нагуфтандӣ, сухани эшон дар макрӯҳ ва мустаҳаб будӣ». Ай, назари эшон дар дақоиқи кароҳият ва истеҳбоб буд, чӣ тарқи ҳаром худ кори зоҳир аст. Ва Ҳишоми Урва гуфтӣ: «Ин ҷамоатро аз он чӣ нав оварданд мапурсед, чӣ ҷавоби он сохтаанд, валекин аз суннат

1 Мустаҳафф — хору забун.
2 Ғурар — баргузидаҳо.
3 Талхин — ба нағма хондан, тағйир додани калима (талаффузи калима) барои зебоии садо.
4 Таассуф — аз ҳад гузарондан, бероҳа рафтан.
5 Тақдир — муқаддар гирифтан, фарз кардан.

пешина
аз 567
навбатӣ