Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
пурсед, чи онро нашиносанд». Ва Бӯсулаймони Доронӣ гуфтӣ: «Касеро, ки илҳоми хайре бошад, бояд ки бар он кор накунад, то дар осор онро биёбад, пас шукри Худой ба ҷой орад, ки он чи замири ӯ буд мувофиқи асар омад». Ва ин бад-он сабаб гуфтааст, ки раъйҳо ва бидъатҳо ба самъҳо расидааст ва дар дилҳо овехта, раво, ки сафои дилро мушаvваш кунад ва ботилро ҳаққ намояд. Пас, эҳтиёт бояд кард ва ба шаҳодати осор истизҳор талабид. Ва барои ин буд, ки чун Марвон дар намозгоҳ барои хутbai ид минбаре сохт, Бӯсаиди Худрӣ вайро гуфт: (140) «Ин чӣ бидъат аст, ки овардӣ?» Марвон гуфт: «Ин бидъат нест, ин беҳ аз он аст, ки ту медонӣ, чӣ мардумон бисёр шудаанд ва муроди ман он аст, ки овоз ба ҳама бирасад». Бӯсаид гуфт: «Ба Худой, ки ҳаргиз беҳ аз он наёред, ки ман медонам ва ба Худой, ки имрӯз ба ту иқтидо накунам». Ва ин инкор барои он кард, ки Пайғомбар дар хутbai ид бар камоне ё бар асое такя кардӣ, на бар минбар.
Ва дар ҳадиси машҳур омадааст: «Ман аҳдаса фи амрино ҳозо мо лайса фиҳи фаҳува раддун». Ай, ҳар кӣ дар ин кори мо чизе нав оварад, ки дар вай он нест, он бар вай мардуд аст. Ва дар хабари дигар аст: «Ман ғашша умматӣ фаалайҳи лаънату-л-Лоҳи ва-л-малоикати ва-н-носи аҷмаъин». Ай, ҳар кӣ бо уммати ман ғашш1 барзад, лаънати Худой ва фариштагон ва ҳамаи мардумон бар вай бод. Гуфтанд: «Ғашши уммат чӣ бошад?» Фармуд: «Ан ябтадиъа бидъатан яҳмилу-н-носа алайҳо». Ай, он ки бидъате қоим кунад ва мардумонро бар он дорад. Ва дар хабаре дигар аст: «Инна ли-л-Лоҳи таъоло малакан юнодӣ кулла явмин ман холафа сунната Расулиллоҳи лам таналҳу шафоатуҳу». Ай, Худойро фариштаест, ки ҳар рӯзе нидо кунад: «Ҳар кӣ мухолафати суннати Пайғомбар кунад, ша-
1 Ғашш – зоҳир сохтани хилофи он чи ки дар дил бошад, хиёнат кардан, фиреб кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор