Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

фоати вай наёбад». Ва мисол, касе, ки ҷинояти вай дар дин ба бидъате мухолифи суннат бошад ба нисбат бо касе, ки гуноҳе кунад, мисоли касе бошад, ки дар гардонидани давлат аз подшоҳ саъй кунад ба нисбат ба касе, ки дар хидмате муайян фармони подшоҳ ба ҷоӣ наёрад, чи бефармони [ро] эҳтимоли афв бошад ва гардонидани давлатро на. Ва баъзе уламо гуфтанд: «Он чи салаф дар он хавз кардаанд, хомӯш будан аз он ҷафо бошад ва он чи аз он хомӯш будаанд, сухан гуфтан дар он такаллуф бувад».

Ва дигаре гуфт: «Ҳаққ гарон аст, ҳар кӣ аз он таҷовуз намояд, золим бошад ва ҳар кӣ дар он тақсир кунад, оҷиз бувад ва ҳар кӣ бо вай боястад, вайро он басанда бошад».

Ва Пайғамбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Алайкум би-н-намати-л-авсати-л-лази ярҷиу илайҳи-л-ғолӣ ва яртафиъу илайҳи-т-толӣ». Ай, бар намати1 миёна бошед, чи ғулуввкунанда ба вай бозгардад ва мутобаатнамоянда ба вай расад.

Ва Ибни Аббос гуфт, ки залолатро дар дилҳои аҳли он шириниест, қола-л-Лоҳу таъоло: «Иттахизу динаҳум лаъбан ва лаҳван»2 ва қола: «Афаман зуййина лаҳу сӯъу амалиҳу фараоҳу ҳасанан»3. Ва ҳар чӣ пас аз саҳоба эҳдос кардаанд, ки аз қадри зарурат ва ҳоҷат бигузаштааст, аз лаъбу лаҳв аст.

Ва аз Иблис ҳикоят кардаанд, ки дар вақти саҳоба [141] лашкарҳои худро номзад кард, эшон ранҷур бозгаштанд. Гуфт: «Шуморо чӣ афтод?» [Гуфтанд]: «Мисли ин ҷамоат надидаем, моро бар эшон ҳеҷ дасте набувад ва аз эшон ранҷ дидем». Гуфт: «Шумо бар эшон қодир нашавед, эшон ба сӯҳбати набавӣ мушарраф шудаанд ва шоҳиди танзили Илоҳӣ буда, валекин пас аз эшон гурӯҳе хоҳанд

1 Намат – тариқа, равиш, равия.
2 Анъом, 6:70.
3 Фотир, 35:8.

пешина
аз 567
навбатӣ