Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

омад, ки шуморо дар эшон маноле1 бошад». Ва чун навбат ба тобеин расид, бори дигар эшонро номзад кард, боз шикаста муроҷаат намуданд ва гуфтанд: «Аз эшон аҷибтар надидаем, ки вақт-вақт моро аз эшон исобате мебошад, бар гуноҳон иқдом менамоянд ва чун охири рӯз шуд ба истиғфор машғул мешаванд ва бадии эшон ба некӣ бадал мегардад». Гуфт: «Ҳаргиз ҳоҷати худ аз эшон наёбед, ба сабаби сиҳҳати тавҳид ва мутобаати Пайғомбар. Валекин, пас аз ин қавме оянд, чашми шумо бад-эшон рӯшан шавад ва эшон бозичаи шумо бошанд ва ба миҳори ҳаво чунон ки хоҳед эшонро бикашед, агар истиғфор кунанд, мағфират ҳосил нашавад ва тавба накунанд, ки бадии эшон ба некӣ бадал гардад». Пас қавме дигар даррасиданд, ҳавоҳоро бар эшон гумошт ва бидъатҳоро дар чашми эшон биёрост ва эшон онро ширин шумурданд ва онро дине сохтанд, ки аз он омурзиш нахоҳанд ва тавба накунанд, пас душманонро бар эшон мусаллат кард ва эшонро он ҷониб, ки хостанд, кашиданд.

Суол: Соҳиби ин ҳикоят Иблисро надид ва аз вай сухане нашунид, ин аҳвол аз куҷо шинохт?

Ҷавоб: Бидон, ки асрори малакут арбоби дилро маълум шавад, гоҳе бар сабили илҳом дар хотир ояд ва бар эшон ворид шавад аз он ҷо, ки надонанд ва гоҳе бар сабили хоби содиқ ва гоҳе дар бедорӣ бар сабили кашфи маъонӣ ба мушоҳадаи мисолҳо, чунон ки дар хоб бошад. Ва ин олитарин дараҷатест ва аз дараҷоти олияи нубувват аст, чунон ки хоби содиқ як ҷузв аз чихилу шаш ҷузви пайғамбарист.

Ва бипарҳез аз он ки насиби ту аз илм он бошад, ки ҳар чӣ аз ҳадди тасаввури ту бигузарад, онро инкор кунӣ. Чӣ муддаиёни козиб – аз уламо – ки даъвийи иҳотат кунанд ба илмҳои маъқул, дар ин ҳалок шудаанд. Ва ҷаҳл беҳ аз ақле, ки ба инкори мисли ин кор дар ҳаққи авлиё даъват кунад. Ва ҳар кӣ инро дар ҳаққи авлиё мункир шуд, дар ҳаққи анбиё ҳам инкораш лозим ояд ва ба куллият аз дин берун шавад.

1 Манол - дастрасӣ, ёфтан, ба чизе расидан.

пешина
аз 567
навбатӣ