Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

Ва баъзе аз орифон гуфтанд, ки абдол дар атрофи замин мунқатеъ нашудаанд ва аз чашмҳои ҷумҳур пӯшида намонда, магар ба сабаби он чӣ тоқат надоранд, ки дар олимони вақт нигаранд, бад-он чи эшон ҷоҳилонанд ба Худой – азза ва ҷалла – ва наздики худ ва ҷоҳилони дигар – олимонанд.

Саҳли Тустарӣ гуфт: «Аз бузургтарини маъсиятҳо он аст, ки ҷаҳли худро надонӣ ва дар омма нигарӣ [142] ва сухани аҳли ғафлат шунавӣ». Ва ҳар олиме, ки дар дунё хавз кард, сухани вайро исғо набояд кард, бал дар ҳар чӣ гӯяд муттаҳам бояд дошт, бад-он чи ҳар одаме дар маҳбуби хеш хавз намояд ва он чи мувофиқи ӯ набошад, дафъ кунад. Ва барои ин Ҳаққ таъоло гуфт: «Вало тутиъ ман ағфално қалбаҳу ан зикрино ва-т-табаға ҳавоҳу ва қона амруҳу фурутан»¹. Ва осиёни авомм накӯҳолтар аз он касонанд, ки дар тариқи дин ҷоҳиланд ва эътиқод доранд, ки олимонанд. Зеро ки осӣ ба тақсир эътироф намояд ва омурзиш хоҳад ва тавба кунад ва ин ҷоҳил худро олим пиндорад ва он чи бад-он машғул аст аз илмҳо, ки василатҳои ӯст ба дунё, онро сулуки тариқи дин шуморад, тавба накунад ва омурзиш нахоҳад ва ҳамеша то расидани марг бар он истимрор намояд. Ва чун ин маъNӣ бар бештари мардумон, магар он ки дар исмати Илоҳӣ аст, ғолиб аст ва тамаъ аз ислоҳи эшон мунқатеъ, соҳиби эҳтиётро ба саломати дин он наздиктар, ки узлат гузинанд ва танҳойӣ ихтиёр кунад. Чунон ки дар «Китоби узлат» баёни он бихоҳад омад.

Ва барои ин Юсуфи Асбот ба Ҳузайфай Маръашӣ навишт: «Чӣ гумон дорӣ дар танҳомондае, ки як кас наёбад, ки Ҳаққ таъолоро бо вай ёд кунад, ки на базаҳкор шавад ва музокарати ӯ маъсият бувад? Ва он бад-он аст, ки аҳли он наёбад». Ва рост гуфтааст, чӣ мухолитаи мардумон аз ғайбат, ё аз шунидани он, ё аз хомӯш будан аз наҳии мункар холӣ набошад. Ва беҳтарин ҳолҳои ӯ он аст, ки ифодати илм кунад. Ва агар андеша кунад, донад, ки ғарази мутааллим ҷуз он нест, ки илмро олати талаби дунё ва василати бадӣ созад, пас ӯ муину ёр ва захиру созандаи асбоби ӯ бошад. Чун касе, ки бар роҳзан теғ фурӯшад, ки илм чун теғ аст, ки шоистагии ӯ хайрро чун шоистагии теғ аст ғазоро. Ва бад-ин сабаб рухсат натавон дод дар фурӯхтани теғ бар касе, ки ба қароини аҳволи ӯ битавон донист, ки теғ барои роҳзадан мехарад.

Ва ин дувоздаҳ аломат аст аз аломоти уламои охират, ки ҳар яке аз он ҷумлае аз ахлоқи уламои салафро ҷомеъ аст. Ва ту яке аз ду қисм бош: иммо бад-ин сифот муттасиф ва иммо ба тақсири худ мӯътариф. Ва бипарҳез аз он чӣ дар қисми севвум бошӣ ва бар худ талбис кунӣ бад-он чӣ олати дунёро дин хонӣ ва сирати баттолонро сирати уламои росих гӯйӣ ва ба ҷаҳлу инкори худ ба гурӯҳи ҳалокшудагони навмед пайвандӣ. Ва ба Худой – азза ва ҷалла – истиозат мекунем аз худҳаҳои шаётин, ки ҷумҳур дар он ҳалок шудаанд. Ва аз Ҳаққ таъоло мехоҳем, ки моро аз он ҷумла нагардонад, ки ҳаёти дунё ва шайтон эшонро ба Худой бифиребонад.

пешина
аз 567
навбатӣ