Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
БОБИ ҲАФТУМ
ДАР АҚЛ ВА ШАРАФИ Ӯ ВА ҲАҚИҚАТ ВА АҚСОМИ Ӯ
БАЁНИ ШАРАФИ АҚЛ
Бидон, ки дар изҳори ин ба такаллуфе [143] ҳоҷат нест, хосса, ки баёни шарафи илм собиқ шудааст. Ва ақл манбаи илм ва матлаъ ва асоси ӯст ва илм аз ақл ба манзалати мева аз дарахт аст ва рӯшноӣ аз хуршед ва биноӣ аз чашм. Ва чизе, ки василати саодати дунёву охират бувад, чӣ гуна шариф набошад ва райбатро дар он чӣ маҷол монад? Чӣ баҳима бо қусури тамйиз ақлро ҳишмат дорад, то ба ҳадде, ки он чӣ аз баҳоим дар бузургии ҷусса ва шиддати зароват ва қуввати ҳамла ба мазияте махсус бошад, чун одамиро бинад аз вай битарсад бад-он чӣ шоир аст, ки ӯ ба донистани ҳилаҳо махсус аст.
Ва барои он Пайғамбар – алайҳи-с-салом – гуфтааст: «аш-Шайху фи қавмиҳӣ ка-н-набийй фи умматиҳӣ». Ва он ба сабаби бисёрии мол ва бузургии шахс ва зиёдати қуввати ӯ нест, бал ба сабаби зиёдати таҷриба аст, ки самараи ақли ӯст. Ва барои ин аст, ки туркону курдон ва аҷлофи халқ бо он чӣ мартабаи эшон ба баҳоим наздик аст, мебинӣ, ки пиронро ба табъ бузург медоранд. Ва барои ин кӣ ҷамоате аз мӯънидон, ки қосиди куштани Пайғамбар буданд, чандоне, ки чашми эшон бар вай афтод ва ба ғурраи¹ маймуни Ӯ иқтиҳол² ёфтанд¹, тарсиданд ва он чӣ аз нури аъмалуҳум битоъати-л-Лоҳи авфаруҳум аклан». Ай, малоика ҷадду иҷтиҳод дар тоати Худой - азза ва ҷалла - ба ақл карданд ва мӯъминони банӣ Одам бар андозаи ақлҳои худ ҷидд намуданд, пас ҳар кӣ тоати Худой - азза ва ҷалла - бештар кунад, ақли ӯ бештар бошад.
1 Ғурра – пешонӣ, сапедии пешонӣ.
2 Иқтиҳол – сурма кашидан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор