Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва Оиша гуфт: «Аз Пайғамбар пурсидам, ки тафозули мардумон дар дунё ба чӣ чиз аст?» Гуфт: «Би-л-ақл». Гуфтам: «Дар охират ба чӣ?» Гуфт: «Би-л-ақл». Гуфтам: «На ҷазои эшон ба аъмоли эшон аст?» Гуфт: «Ё Оишату ва ҳал [амилу] илло биқадри мо аътоҳуму-л-Лоҳу таъоло ми-на-л-ақли? Фабиқадри мо ӯъту мина-л-ақли конат аъмолуҳум ва биқадри мо амилу юҷзавна». Ай, ҳеҷ амале карданд, магар ба андозаи он чи Ҳаққ таъоло эшонро аз ақл дода буд? Пас ба андозаи он чи аз ақл ба эшон дода шуд, амал карданд ва ба андозаи он чи амал карданд, ҷазо ёбанд.

Ва Ибни Аббос ривоят кард, ки Пайғамбар - алайҳи-с-салом - гуфт: «Ликулли шайъин олатун ва уддатун ва инна олата-л-мӯъмини ва уддатуҳу-л-ақлу; ва ликулли шайъин матийятун ва матийяту-л-маръи-л-ақлу; ва ликулли шайъин диъоматун¹ ва диъомату-д-дини-л-ақлу; ва ликулли қавмин ғоятун ва ғояту-л-ибоди-л-ақлу; ва ликулли қавмин доъин ва доъию-л-обидина-л-ақлу; ва ликулли тоҷирин бизоъатун ва бизоъату-л-муҷтаҳидина-л-ақлу; ва ликулли аҳли байтин қаййимун ва қаййиму буюти-с-сиддиқина-л-ақлу; ва ликул-ли харобин иморатун ва иморату-л-охирати-л-ақлу; ва ли-кулл имраин ақибун юнсабу илайҳи ва юзкару биҳи ва ақи-бу-с-сиддиқина-л-лазина юнсабуна илайҳи ва юзкаруна би-ҳи-л-ақлу; ва ликулли сафарин фустотун² ва фустоту-л-мӯъ-минина-л-ақлу». Маонии ин ҳадис возеҳ аст, ба тарҷума татвил додан ваҷҳ надорад.

Пайғамбар - алайҳи-с-салом - гуфт: «Инна аҳабба-л-мӯъминина ила-л-Лоҳи ман насаба нафсаҳу фӣ тоъати-л-Лоҳи ва насаҳа лиибодиҳи ва камала ақлуҳу ва насаҳа нафсаҳу фаабсара ва амила биҳи айёма [147] ҳаётиҳи, фаафлаҳа ва анҷаҳа». Ай, дӯсттарин мӯъминон дар ҳазрати Ҳаққ таъоло он аст, ки нафси худро ба тоати вай насб кунад ва носеҳи бандагони вай бошад ва ақли вай комил бувад ва насиҳати нафси худ ба ҷой орад ва ба чашми басират бинигарад ва бар муқтазои он дар муддати ҳаёти худ кор кунад, пас ба фалоҳу наҷоҳ расад. Ва дар ҳадиси дигар гуфт: «Атаммукум ақлан ашаддукум ли-л-Лоҳи хавфан ва аҳсанукум фимо умиρα биҳи ва нуҳия анҳу назаран ва ин кона ақаллакум татаввӯъан». Ай, комили оқилтарини шумо он кас аст, ки тарси ӯ аз Худой – азза ва ҷалла – бештар аст ва назари ӯ дар маъмурот ва манҳиёт некӯтар, агарчи татаввӯъи¹ ӯ андактар буд.

1 Татаввӯъ – дар фиқҳ мустаҳаббе ба ҷо овардан, коре ба қасди қурбат ва ибодат ва некӣ анҷом додан.

¹ Диома – рукн, сутун.
² Фустот – хайма.

пешина
аз 567
навбатӣ