Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
БАЁНИ ҲАҚИҚАТИ АҚЛ
ВА АҚСОМИ ОН
Бидон, ки мардумон дар ҳадди ақл ва ҳақиқати он мухталифанд. Ва бештаре зоҳиланд1 аз он чӣ ин исм бар маъниҳо мутлақ аст ва он сабаби ихтилофи эшон шудааст. Ва ҳаққе, ки парда аз ин маъне барандозад он аст, ки ақл исмест, ки ба иштирок бар чаҳор маъне мутлақ аст2, чунон ки исми «айн» масалан, бар чанд маъне мутлақ аст ва он чӣ бад-ин ҷумла бошад, ҳамаи ақсоми онро як ҳадд набояд талабид, балки ҳар қисмеро ҷудо кашф бояд кард.
Аввал васфест, ки одамӣ бад-он баҳоимро муфориқ аст. Ва ӯ он аст, ки қабули илмҳои назарӣ ва тадбири синоатҳои пӯшидаи фикриро бад-ӯ мустаид шудааст. Ва ӯ он аст, ки Ҳориси Муҳосибӣ онро хостааст чун дар ҳадди ақл гуфтааст, ки ғаризатест, ки идроки илмҳои назарӣ бад-ӯ муҳайё шавад ва чунон астӣ, ки ӯ нурест, ки дар дил меафтад [ва] бад-ӯ дарёфти чизҳоро мустаид мешавад. Ва инсоф надодааст он ки инро мункир шудааст ва ақлро ба муҷарради илмҳои зарурӣ бозгардонидааст, чӣ хуфта ва ғофилро аз илмҳо ба эътибори вуҷуди ин ғаризат оқил хонанд, бо он ки илмҳо дар эшон нест. Ва чунон ки ҳаёт ғаризатест, ки ҷисм бад-он мар ҳаракоти ихтиёрӣ ва идрокоти ҳиссиро сохта шавад, ҳамчунон ақл ғаризатест, ки баъзе ҳайвонот бад-он мар улуми назариро сохта шаванд. Ва агар раво бошад, ки одамиро бо дарозгӯш дар ғаризат баробар доранд ва гӯянд: фарқе нест, магар он ки Ҳаққ таъоло ба ҳукми иҷрои одат дар мардум илмҳо меофаринад ва дар дарозгӯш ва дигар баҳоим намеофаринад, раво бошад, ки дарозгӯшро ба ҷамод баробар доранд ва гӯянд: фарқе нест, магар он ки Худой – азза ва ҷалла – дар дарозгӯш ҳаракатҳои махсус меофаринад ба ҳукми иҷрои одат, ки агар дарозгӯшро ҷамоди мурда тақдир кунанд1, воҷиб бошад гуфтани он ки ҳар ҳаракате, ки аз вай мушоҳида аст, Худой – азза ва ҷалла – қодир аст бар халқи он дар ӯ ба тартибе, ки мушоҳида аст.
1 Зоҳиl – ғофил, бехабар.
2 Мутлақ аст – итлоқ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор