Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва чунон ки воҷиб аст, ки гӯянд: муфорақати дарозгӯш ҷамодро дар ҳаракат нест, магар [148] ба ғаризате, ки бад-он махсус аст ва онро ҳаёт хонанд. Ҳамчунон муфорақати мардум баҳимаро дар идроки илмҳои назарӣ ба ғаризатест, ки онро ақл гӯянд. Ва ӯ чун оинаест, ки муфорики дигар ҷисмҳост дар ҳикояти суратҳо ва рангҳо ба сифате, ки бад-он махсус шудааст ва он сиқолат2 аст. Ва ҳамчунин чашм муфорики пешонӣ аст дар ҳайатҳо ва сифатҳо, ки бад-он мустаиди дидан шудааст. Ва нисбати ин ғаризат ба илмҳо нисбати чашм аст ба дидан. Ва нисбати Қуръон ва шаръ бад-ин ғаризат дар он чи ӯро ба инкишофи илмҳо расонад, нисбати нури хуршед аст ба басар. Пас фаҳми ин ғаризат ҳамчунин бояд.

Дуввум илмҳоест, ки мавҷуд шавад дар зоти кӯдаки мумайиз ба ҷавози ҷойзот ва истиҳолати3 мустаҳилот4. Чун илм бад-он ки ду беш аз яке аст ва як шахс дар ду макон набошад. Ва ӯ он аст, ки яке аз мутакаллимон хостааст он ҷо, ки дар ҳадди5 ақл гуфтааст: «Баъзу-л-улуми-з-зарурияти [ка-л-илми] биҷавози-л-ҷойзоти ва истиҳолати-л-мустаҳилоти». Ва ин ҳам дар нафси худ дуруст аст, зеро ки ин илмҳо мавҷуд аст ва ақл хондани он зоҳир ва фосид он аст, ки он ғаризатро мункир шаванд ва гӯянд «мавҷуд нест, магар ин илмҳо».

1 Тақдир кардан – фарз кардан.
2 Сиқолат - зудудагӣ ва ҷило.
3 Истиҳолат – муҳол шумурдан.
4 Мустаҳилот – чизҳои номумкин.
5 Ҳадд – таъриф, ба эътибори ин ки ҳад зарурии таъриф (шомили ҳадду расм аст).

пешина
аз 567
навбатӣ