Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Севвум илмҳоест, ки аз таҷориб мустафод аст ба маҷории аҳвол, чи касе, ки таҷрибаҳо хиради ӯро устувор кард ва мазҳабҳо ӯро муҳаззаб гардонид, вайро оқил хонанд дар одат. Ва касе, ки бад-он муттасиф нашавад, вайро нодон ва ғамру ҷоҳил гӯянд. Ва ин аз навъе дигар аст аз илмҳо, ки онҳоро ҳам ақл мегӯянд.
Чаҳорум он ки қуввати он ғаризат ба ҳадде расад, ки авоқиби корҳо бишиносад ва шаҳватро, ки ба лаззоти оҷил хонад макмӯъ ва макхур гардонад. Ва чун ин қувват ҳосил шуд, соҳиби ӯро [оқил] хонанд, аз он рӯй, ки тарк ва феъли ӯ бар муқтазои назари ӯст дар авоқиб, на ба ҳукми шаҳвати оҷила. Ва ин низ аз хосиятҳои мардум аст, ки бад-он аз дигар ҳайвонот мутамайиз аст. Аввал бунёду беҳу чашма аст ва дуввум фаръи ақраби ӯст ва севвум фаръи аввалу дуввум аст ва чаҳорум самарест, ки дар охир ҳосил шавад ва он ғояти қусво аст ва ду аввал табъӣ аст ва ду охир касбӣ. Ва барои он Алӣ – разия-л-Лоҳу анҳу – гуфт:
Раайту-л-ақла ақлайни,
Фаматбӯъун ва масмӯъун.
Ва ло янфаъу масмӯъун,
Изо лам яку матбӯъун.
Камо ло танфаъу-ш-шамсу,
Ва завъу-л-айни мамнӯъун.
Эй, ақл ду аст: табъӣ ва самъӣ ва самъӣ суд надорад, чун табъӣ набошад, чунон ки хуршед суд надорад, чун рӯшноии чашм набувад.
Ва Пайғомбар – алайҳи-с-салом – дар ин ҳадис, ки
1 Ғамр – (ба фатҳаву касраву заммаи ғайн ва ҳамчунин ба сурати гамар), бе таҷрибаву нодон, кӯдан.
2 Хондан – даъват кардан.
3 Макмӯъ – мағлубу макхур.
4 Қусво – муаннаси «ақсо» ба маънои дуртар, дуртарин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор