Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

гуфтааст: [149] «Мо халақа-л-Лоху халқан акрама алайҳи мина-л-ақли», аввалро хостааст. Ва дар ҳадиси дигар, ки гуфтааст: «Изо тақарраба-н-носу бианвоъи-л-бирри фатақарраб анта биақлик». Ай, чун мардумон ба анвои некӯ тақарруб намоянд, ту ба ақли худ тақарруб намой, ҷаҳорумро хостааст. Ва ҳам ӯро хостааст дар ин ҳадис, ки Бӯдардоро гуфтааст: «Издад ақлан таздад мин Раббика қурбан». Ай, ақли оқибатшиноси шаҳваткушро зиёдат кун, то дар ҳазрати Рубубият мазиди қурб ёбӣ. Бӯдардо гуфт: «Модару падары ман фидои ту бод, бад ин мурод чӣ гуна расам?» Фармуд: «Иҷтаниб маҳорима-л-Лоҳи ва адди фароиза-л-Лоҳи такун оқилан ва иъмал би-с-солиҳоти мина-л-аъмоли таздад фи очили-д-дунё рифъатан ва кароматан ва танал [фӣ очили-л-уқбо] биҳо мин Раббика-л-қурба ва-л-изза». Ай, даст аз маҳорим бидор ва фароиз бигузор, то оқил [бошӣ] ва кори некӯ кун, то дар очили дунё рифъату каромат ёбӣ ва дар [очили охират аз] ҳазрати Ҳаққ таъоло қурбату иззатбинӣ.

Ва Саиди Мусайяб гуфт, ки Умар ва Убайй ибни Каъб ва Бӯҳурайра дар хидмати Пайғамбар – алайҳи-с-салом – рафтанд ва гуфтанд: «Олимтарини мардумон кист?» Фармуд: «Ал-оқил». Гуфтанд: «Обидтар кӣ?» Фармуд: «Ал-оқил». Гуфтанд: «Фозилтар кӣ?» Фармуд: «Ал-оқил». Гуфтанд: «На оқил аст [он], ки муруввати ӯ комил бошад ва фасоҳати ӯ зоҳир ва дасти ӯ бахшанда ва манзалати ӯ бузург?» Фармуд: «Ва инна куллу золика ламо матоъу-л-ҳаёти-д-дунё ва-л-охирату инда Раббика ли-л-муттакиин, инна-л-оқила хува-л-муттакӣ ва ин кона фи-д-дунё хасисан даниян». Яъне, он ҳама, ки гӯянд, матои ҳаёти дунёст ва охират наздики Парвардигор муттақиёнрост ва оқил он аст, ки муттақӣ бошад, агарчи дар дунё хасис ва данӣ¹ бувад. Ва дар ҳадисе дигар аст: «Иннама-л-оқилу ман омана би-л-

¹ Данӣ – нокас, заиф, пасту ҳақир, ҷамъаш адниё.

пешина
аз 567
навбатӣ