Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Лоҳи ва саддақа расулаҳу ва амала битоъатиҳи». Ай, оқил нест магар он ки ба Ҳаққ таъоло имон орад ва Пайғамбаронро бовар дорад ва тоъот бигузорад.

Ва ба ҳаққ монандатар он аст, ки ақл ҳам дар асли луғат ва ҳам дар урфи истеъмол номи он ғаризат аст ва онро бар илмҳо бад-он итлоқ мекунанд, ки илмҳо самараи он ғаризат аст. Чунон ки чизеро ба самараи ӯ таъриф кунанд ва гӯянд: «Илм хашят аст ва олим он ки аз Худойтарсад». Чӣ хашят самараи илм аст ва ин итлоқ бар ғайри он ғаризат чун маҷозӣ бошад, валекин ғараз баҳси луғавӣ нест. Ва мақсуд он аст, ки ҳар чаҳор қисм мавҷуд аст [150] ва исм бар ҳар чаҳор мутлақ бошад. Ва дар вуҷуди ҳама хилоф нест, магар дар қисми аввал. Ва дуруст он аст, ки аввал ҳам мавҷуд аст, бал асл ӯст ва ин илмҳо чунонастӣ, ки ба фитрат дар ӯ музмар1 аст, валекин вуҷуди ӯ он гоҳ зоҳир шавад, ки ҷараёни сабабе бошад, ки ӯро ба саҳрои вуҷуд орад, то чунонастӣ, ки ин илмҳо аз хориҷ дар ӯ намеояд ва чунонастӣ, ки дар вай ниҳон будааст пас зоҳир мешавад. Ва мисоли ӯ об аст дар замин, ки ба ковидани корезҳо зоҳир гардад ва фароҳам ояд ва дар ҳис мутамайиз шавад, на бад-он чӣ чизе нав сӯи вай оранд. Ва равған дар бодоммағз ва гулоб дар гул ҳамчунин аст. Ва барои он Ҳаққ таъоло гуфт: «Ва из ахаза Раббука мин банӣ Одама мин зуҳуриҳим зуррийятаҳум ва ашҳадаҳум ало анфусиҳим: аласту бираббикум? Қолу: бало»2. Ва мурод аз ин иқрори нафсҳои эшон аст, на иқрори забонҳо. Чӣ эшон дар иқрори забонӣ чун забонҳо ва шахсҳои мавҷудшуда мункасим шудаанд. Ва барои ин гуфт: «Ва лаин саалтаҳум ман халақаҳум лаяқулунна-л-Лоҳу»3. Яъне, агар аҳволи эшонро эътибор кунӣ, ботинҳо ва нафсҳои эшон бар он гувоҳӣ диҳад. «Фит-

1 Музмар - Пӯшидаву пинҳон, дар замир нигоҳдошта шуда.
2 Аъроф, 7:172.
3 Зухруф, 43:87.

пешина
аз 567
навбатӣ