Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Рубъи аввал - ИБОДОТ: китоби илм

рата-л-Лоҳи-л-латӣ фатара-н-носа алайҳо»¹. Ай, ҳар одаме бар имон ба Худой — азза ва ҷалла — офарида шудааст, бал бар он ки чизҳоро чунон ки ҳаст бишиносад, яъне он маърифатҳо дар ӯ чун музамман аст ба сабаби наздикии истеъдоди он дарёфтанро.

Пас чун имон дар нафсҳо ба фитрат маркуз буд, мардумон ду қисм шуданд: яке он ки рӯй баргардониданд ва фаромӯш карданд ва ин кофиронанд; дуввум он ки хотирро ҷавалон доданд ва ёд карданд. Пас ҳамчунон бувад, ки касе шаҳодате таҳаммул карда бошад ва ба ғафлат онро фаромӯш гардонида, пас онро ёд кунад. Ва барои ин Ҳаққ таъоло гуфт: «Лаълаҳум ятазаккарун»². «Ва лиятазаккару улу-л-албоб»³. «Узкуру ниъмата-л-Лоҳи алайкум ва мисоқаҳу-ллазӣ восақакум биҳ»⁴. «Валақад яссарна-л-Қуръона ли-з-зикри фаҳал мин муддакир»⁵. Ва ин наматро тазаккур гуфтан дур нест. Ва чунонастӣ, ки тазаккур ду гуна аст: яке он ки суратеро ёд кунад, ки ҳузури он дар дил мавҷуд буда бошад, валекин пас вуҷуд ғоиб шуда ва дуввум он ки сурате дар ӯ [ба фитрат] мутазаммин бошад. Ва ин ҳақиқатҳоест зоҳир мар он касро, ки ба нури басират нигарад ва гарон аст бар он кас, ки истиноду истирвоҳи ӯ ба самоъу тақлид бошад, на ба кашфу муояна. Ва ба сабаби ин вайро бинӣ, ки дар мисли ин оят таҳаббут⁶ кунад ва дар таъвили тазаккуру иқрори нафсҳо анвои [151] таассуф иртикоб намояд ва дар хаёли ӯ чунон ояд, ки дар ахбору оёт анвои муноқазот аст. Ва басе бошад, ки ин маъни бар вай ғолиб шавад, то дар он ба чашми эҳтиқор нигарад ва эътиқод ку-

1 Рум, 30:30.
2 Бақара, 2:221.
3 Сод, 38:29.
4 Моида, 5:7.
5 Қамар, 54:17.
6 Таҳаббут — бар газофу бероҳа рафтан.

пешина
аз 567
навбатӣ