Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
над, ки мутаҳофит1 аст. Ва мисоли ӯ мисоли нобиноест, ки дар саройе равад ва ба овандҳо2, ки бар раста3 ниҳода бошад, дар сар ояд4 ва гӯяд: чаро ин овандҳоро аз роҳ барнамедоранд ва ба мавозеи он бознамебаранд? Вайро гӯянд, ки он овандҳо дар мавозеи худ аст ва халал дар басари ту аст. Пас халали басират ҳамчунин бошад ва аз ин бузургтару ғолибтар, чӣ нафс чун савор аст ва бадан чун асб ва кӯрии савор зиёнкортар аз кӯрии асб аст.
Ва бад-он чӣ басирати ботин бо басари зоҳир мушобаҳат дорад, Ҳаққ таъоло гуфт: «Мо казаба-л-фуоду мо рао»5. Ва дар ояти дигар гуфт: «Ва казолика нури Иброҳима малакута-с-самовоти ва-л-арзи»6. Ва зидди онро нобиное хонд ва гуфт: «Фаиннаҳо ло таъма-л-абсору ва локин таъма-л-кулубу-л-латӣ фи-с-судури»7. Ва гуфт: «Ва ман кона фӣ ҳозиҳӣ аъмо фаҳува фи-л-оҳирати аъмо ва азаллу сабилан»8. Ва ин корҳоест, ки анбиёро баъзе аз он ба басар кашф афтодааст ва баъзе ба басират ва ҳамаро рӯъят хондааст.
Ва дар ҷумлаи ҳар кӣ басирати ботини ӯ собит набошад, насиби ӯ аз дин ҷуз кушур9 ва амсила набувад ва аз лубоб10 ва ҳақоиқи он маҳрум монад. Ва ин ақсом он аст, ки исми ақл бар ӯ мунталақ аст.
1 Мутаҳофит – мурод мутаноқиз аст.
2 Ованд – зарф.
3 Раста- (муҳарфафи роста), муназзам, дар ҷои худ.
4 Ба сар дарояд, бияфтад.
5 Наҷм, 53:11.
6 Анъом, 6:75.
7 Ҳаҷ, 22:46.
8 Исро, 17:72.
9 Кушур - пӯстҳо.
10 Лубоб – мағзҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор