Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

вонад гуфт ва вуҷуби он медонад, валекин нагуфт. Ин ҷо эҳтимол дорад, ки имтинои ӯ аз шаҳодат чун имтинои ӯ аз намоз гирем ва гӯем: «Ӯ мӯъмин аст ва дар оташ ҷовид набошад ва имон тасдиқи маҳз аст ва забон тарҷумони он аст». Пас, чора набошад, ки имон ба тамоми пеш аз забон мавҷуд бувад, то забон тарҷумони он шавад ва ин зоҳиртар аст, чӣ мустанаде нест, магар мутобаати муқтазои алфоз. Ва вазъи забон он аст, ки имон иборатест аз тасдиқи дил ва Пайғамбар гуфтааст: «Яхруҷу мина-н-нори ман кона фӣ қалбиҳи мисқолу зарратин мина-л-имон». Ва бад-он чӣ аз гуфтани воҷиб сокит бошад, имон аз дил нест нашавад, чунон ки ба сокит будан аз феъли воҷиб. Ва баъзе гуфтаанд: «Қавл рукн аст, чӣ калимаи шаҳодат ихбор нест аз дил, бал [иншоъ]-и ақд ва ибтидои шаҳодат ва илтизом аст». Ва қавли аввал зоҳиртар аст. Ва тоифае аз мурҷиён дар ин ғулувв кардаанд ва гуфта, ки [мӯъмин] аслан дар оташ наравад ва гуфта, ки мӯъмин агарчӣ маъсият кунад, дар оташ наравад. Ва бутлони ин мазҳаб дар ақиб ба зудӣ бихоҳад омад.

Дараҷаи шашум он ки ба забон бигӯяд «Ло илоҳа илла-л-Лоҳу Муҳаммадун Расулуллоҳ», валекин ба дил тасдиқ накунад. Дар ин шакк нест, ки дар ҳукми охират кофир бошад ва дар оташ муҳаллад [202] ва дар ҳукми дунё, ки тааллуқ ба подшоҳон ва волиён дорад, мусулмон бошад. Зеро, ки моро бар дили ӯ иттилоъ нест ва бар мо воҷиб аст гумони он, ки дили ӯ мутобиқи забон буда бошад. Ва шакк нест магар дар кори севвум, ки он ҳукми дунявӣ аст – байнаҳу ва байна-л-Лоҳ – ва он он аст, ки қаробати мусулмони вай дар ин ҳол вафот кунад. Пас, вай ба дил тасдиқ намояд ва бипурсад ва бигӯяд, ки ман дар ҳоли вафоти вай ба дил мусаддик набудам ва ин соат мерос дар дасти ман аст – байни ва байна-л-Лоҳ – маро ҳалол ҳаст ё не? Ё зане мусулмон ба занӣ кунад, [пас] тасдиқ намояд, иодати никоҳ

пешина
аз 567
навбатӣ