Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

бар вай лозим бошад ё на? Ин дар маҳалли назар аст ва эҳтимол дорад, ки гӯем: «Аҳкоми дунё зоҳиран ва ботинан ба қавли зоҳир мутааллиқ аст». Ва эҳтимол дорад, ки гӯем: «Дар ҳаққи ғайр ба зоҳир мутааллиқ бошад, чӣ ботини ӯ ғайри ӯро1 зоҳир нест. Ва ӯро дар нафси ӯ – байнаҳу ва байна-л-Лоҳ – зоҳир аст. Ва зоҳиртар он аст «ва-л-илму ин-да-л-Лоҳ», ки мерос ҳалол набошад ва иодати никоҳ лозим бувад».

Ва барои он Ҳузайфа – разия-л-Лоҳу анҳу – дар ҷанозаи мунофиқон ҳозир нашудӣ ва Умар – разия-л-Лоҳу анҳу – ҳузури ӯро муроот кардӣ, агар Ҳузайфа ҳозир нашудӣ, ӯ низ наёмамадӣ. Ва намоз феъле зоҳир аст дар дунё, агарчӣ аз ибодат аст. Ва таваккӣ2 аз ҳаром низ воҷиб аст, чун намоз ва ин муноқизи он сухан нест, ки гӯем: «Мерос ҳукми Ислом аст ва Ислом истислом аст, чӣ истисломи тамоми он бошад, ки зоҳиру ботинро шомил бувад».

Ва ин баҳсҳои фиқҳии заннӣ аст, ки бинои он бар завоҳири алфози умумот ва қиёсҳост. Ва набояд ки кӯтоҳбине дар улум гумон барад, ки матлуб дар ин боб қатъ аст, бад-он чӣ ҷараёни одат он аст, ки онро дар фанни калом оранд, ки матлуби он қатъӣ бошад. Чӣ касе, ки дар одатҳо ва расмҳо нигарад, дар илмҳо вайро фалоҳе набошад.

Суол: Шубҳати мӯътазила ва мурҷиа дар ин боб аз куҷост? Ва ҷиҳати он чӣ қавли эшон ботил аст, чист?

Ҷавоб: Шубҳати эшон умумоти Қуръон аст.

Аммо мурҷион мегӯянд, ки мӯъмин дар оташ наравад, агарчӣ ҳамаи маъсиятҳо иртикоб намояд, ба далели ин оятҳо:

Яке. «Фаман юъмин бираббиҳи фало яхофу баҳсан ва ло раҳақан»3. Аҳ, ҳар кӣ ба Парвардигори худ бигаравад аз

пешина
аз 567
навбатӣ