Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

кам кардани савоб ва ибтоли кулли он натарсад.

Дуввум. «Ва-л-лазина оману би-л-Лоҳи ва русулиҳи улоика ҳуму-с-сиддикун»¹. Дар ин оят дараҷаи сиддиқиро бар муҷарради имон мураттаб гардонидааст.

Севвум. «Кулламо улқия фиҳо фавҷун саалаҳум хазанатуҳо алам яътикум назирун? Қолу бало, кад ҷоано назирун факаззабно ва кулно мо наззала-л-Лоҳу мин шайин»². Ва лафзи «кулламо» омм [203] аст, пас далел кунад бар он чӣ ҳар киро дар оташ андозанд, муказзиби нубувват бошад. Ва бад-ин лозим ояд, ки ҳар кӣ муказзиби нубувват бошад, вайро дар оташ андозанд.

Чаҳорум. «Ло яслоҳо илла-л-ашқа-л-лазӣ каззаба ва тавалло»³. Ва дар ин оят ҳаср аст ва исбот пас аз нафӣ. Аҳ, дар оташ наравад, магар касе, ки такзиб кунад ва эъроз намояд.

Панҷум. «Ман ҷоа би-л-ҳаса нати фалаҳу хайрун минҳо ва ҳум мин фазаъи явмаизин оминун»⁴. Оминиро⁵ аз тар- си он рӯз ба иқомати ҳасана манут гардонидааст ва имон сари ҳасанот аст.

Шашум. «Инна-л-Лоҳа ло юзӣъу аҷра-л-муҳсинин»⁶.

Ҳафтум. «Инно ло нузӣъу аҷра ман аҳсана амало»⁷.

Ва ин оёт эшонро ҳуҷҷат нашавад, чӣ лафзи имон, ки дар ин оят мазкур аст, бад-он имони боамал хостааст. Чӣ баён кардаем, ки лафзи имон итлоқ кунанд ва бад-он Ислом хоҳанд ва он мувофақат бошад ба дил ва қавлу амал. Ва далели сиҳҳати ин таъвили ахбори бисёр аст, ки дар уқубати осиён ва мақодири уқубат омадааст.

Ва қавли Пайғамбар – алайҳи-с-салом: «Яхруҷу мина-

__________________ ¹ Ҳадид, 57:19.
² Мулк, 67:8-9.
³ Лайл, 92:15-16.
⁴ Намд, 27:89.
⁵ Оманӣ («ёӣ» масдарӣ) — омин будан аз тарси он рӯзро.
⁶ Тавба, 9:120.
⁷ Каҳф, 18:30.

пешина
аз 567
навбатӣ