Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
н-нори ман кона фӣ қалбиҳи мисқолу зарратин мина-л-имон», чи хуруҷи бе дуҳул имкон надорад.
Ва аз Қуръон ин оёт аст: қавлуҳу таъоло: «Инна-л-Лоҳа ло яғфиру ан юшрака биҳи ва яғфиру мо дуна золика ли-ман яшоу» 1. Мағфирати он чи дуни ширк аст ба машият боз бастааст, ай, мар он касро, ки хоҳад биёмурзад. Ва ин далели инқисом бошад, ай, баъзеро биёмурзад ва баъзеро не.
Ва қавлуҳу таъоло: «Ва ман яъси-л-Лоҳа ва расулаҳу фаинна лаҳу нора ҷаҳаннама» 2. Истеҳқоқи оташ ба маъсият таълиқ фармудааст ва тахсиси он ба куфр таҳаккум бошад.
Ва қавлуҳу таъоло: «Ало инна-з-золимина фи азобин муқим» 3. Ва қавлуҳу: «Ва ман ҷоа би-с-сайяти факуббат вуҷуҳуҳум фи-н-нори» 4. Ва ин умумот муъоризи умумоти эшон аст ва аз тахсис ва таъвили ҳар ду ҷониб чора нест, чи дар ахбор тасреҳ аст, ки осиёнро азоб хоҳанд кард, бал қавли Худои азза ва ҷалла: «Ва ин минкум илловоридуҳо» масали сареҳ аст дар он чи ҳамгинонро аз он чора нест, чи ҳеҷ муъмин аз иртикоби гуноҳе холӣ набошад. Ва ояти «Ло яслоҳо илла-л-ашқо» аз миёни ҷамоате махсус шахсе муайянро хостааст. Ва ояти «Кулламо улқия фиҳо фавҷун» мурод фавҷе аз кофирон аст, чи тахсиси умумот баид набошад. Ва бад-ин сабаб Ашъарӣ ва ҷамоате мутакаллимон сиғати умумро инкор карданд ва гуфта, ки дар ин алфоз тавакқуф бояд намуд, то қаринае [204] бар маънии он далел кунад.
Ва аммо шубҳаи муътазила ин оёт аст: қавлуҳу таъоло: «Ва иннӣ лағаффорун лиман тоба ва омана ва амила солиҳан сумма-ҳ-тадо» 5. Мағфиратро бар тавба ва имон ва амали солеҳ ва ихтидо мавқуф кардааст.
1 Нисо, 4:48.
2 Ҷин, 72:23.
3 Шӯро, 42:45.
4 Намл, 27:90.
5 Тоҳо, 20:82.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор