Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва қавлуҳу: «Ва-л-асри. Инна-л-инсона лафӣ хусрин илла-л-лазина оману ва амилу-с-солиҳоти»1. Ва қавлуҳу «Ва ин минкум илловоридуҳо» ило қавлиҳӣ «Сумма ту-начҷи-л-лазина-т-тақав»2. Ва қавлуҳу: «Ва ман яъси-л-Лоҳа ва расулаҳу фаинна лаҳу нора ҷаҳаннама». Ва ин умумот низ махсус аст ба далели он оёт. Қавлуҳу таъоло: «Ва яғ-фиру мо дуна золика лиман яшоу». Ва бар муқтазои ин оят бояд, ки дар мағфирати он чи ҷуз ширк аст, машияти вай боқӣ бувад. Ва ҳамчунин қавли Пайғомбар — алайҳи-с-салоту ва-с-салом: «Яҳруҷу мина-н-нори ман кона фи қалбиҳӣ мисқолу зарратин мина-л-имон». Ва Ҳаққ таъоло ме-фармояд: «Инна-л-Лоҳа ло юзиъу аҷра-л-муҳсинин». Пас, асли имон ва кулли тоат ба як маъсият чӣ гуна ботил ша-вад? Ва таъвили ин оят, ки «Ва ман яқтул муъминан му-таъаммидан»3, он аст, ки куштани вай барои имон бувад. Ва дар тафсир омадааст, ки ин оят дар масали ин сабаб но-зил шудааст.
Мутарҷим мегӯяд, ки оятҳое, ки мӯътазила дар ин боб бад-он тамасрук менамоянд, бисёр аст ва моро дар ҷа-воби он чаҳор мақом аст:
Мақоми аввал. Манъи умум бар мазҳаби баъзе асҳоб.
Мақоми дуввум он ки далолати умум қатъӣ нест, чу-нон ки дар усули фиқҳ муқаррар шудааст. Ва аксари ин умумот дар ҳаққи кофирон омадааст, чунон ки тафосир бад-он нотиқ аст. Ва агарчи ғайри умум лафзро бувад, ам-мо далолати ӯ дар ғайри маҳал сабаби қатъӣ набошад.
Мақоми севвум он ки далели эшон дар уқубат омм аст, чи агар омм набушод, тамассуки эшон бад-он дуруст наёяд ва далоили мо дар афв хосс, чи мо дар ҳақк кулл афв исбот намекунем ва хосс [бар] омм муқаддам бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор