Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Мақоми чаҳорум он ки чун оёти ваҳид ба оёти ваъд муориз шавад, аз таъвил чора набувад ва таъвили ваҳид авло бошад аз таъвили ваъд. Чӣ афви он ваҳид ҳасан аст ва эҳмоли ваъд қабеҳ. Ин қоидае куллист, бад-он сабаб бар сабили эҷоз тақрир афтод. Ва аз ин ҷо ба сиёқи «Эҳёи улум» руҷӯъ карда ояд.
Суол: Аз ин тақрир маълум мешавад, ки ихтиёр моил аст бад-он чӣ имон бе амал ҳосил аст ва машҳур аз салаф он аст, ки имон эътиқод ва қавлу амал аст. Пас, маънии сухани эшон чист?
Ҷавоб: Дур не бошад, ки амал аз имон шумурда ояд, чӣ мукаммил [205] ва мутаммими ӯст, агарчӣ зотӣ ва маққаввим нест. Чунон ки гӯянд: «Сару даст аз мардум аст» ва маълум аст, ки ба одами сар мардум мунъадим шавад ва ба адами даст на. Ва ҳамчунин тасбеҳот ва такбирот аз намоз аст, агарчӣ намоз ба фақди он ботил нашавад. Ва тасдиқи дил аз имон чун дил аст1 аз вуҷуди мардум, чӣ мардум ба адами он мунъадим шавад. Ва дигар тоатҳо чун атроф2 аст. Ва баъзе аз баъзе олитар. Ва Пайғамбар – алайҳи-с-салоту ва-с-салом – гуфтааст: «Ло язни-з-зонӣ ҳина язнӣ ва ҳува мӯъминун». Ва эътиқоди саҳоба мазҳаби мӯътазила набувад дар берун омадан аз имон [ба зино], валекин маънияш он аст, ки мӯъмини ба ҳақиқати бо имони том нест. Чунон ки оҷизи буридаатрофро гӯянд, ки мардум нест, ай, камоле, ки ба варои ҳақиқати одамӣ аст, вайро мавҷуд нест.
1 Дар матни арабӣ: ка-р-раъс
2 Атроф – дасту по.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор