Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Суол: Салаф муттафиқанд бар он ки имон зиёдату нуқсон шавад, ба тоат зиёдат шавад ва ба маъсият нуқсон пазирад ва чун имон тасдиқи муҷаррад бошад, дар ӯ зиёдат ва нуқсон сурат набандад.

Ҷавоб: Салаф асботанду удул¹ ва воҷиб аст бар мутобаати эшон исбот ва аз мухолафати эшон удул. Ва он чи гуфтаанд, ҳаққ аст, валекин кор дар фаҳми он аст². Ва дар сухани эшон далел аст, ки амал аз аҷзои имон ва аркони вуҷуди он нест, бал ӯ мазидун алайҳ аст, ки ба амал зиёдат шавад. Ва зоид мавҷуд бошад ва ноқис мавҷуд ва чизе ба зоти худ зоид нашавад. Ва раво набошад, ки гӯянд: одамӣ ба сари худ зиёдат шавад, бал ба маҳосин ва фарбеҳӣ зиёдат шавад. Ва ҳамчунин намоз ба рукӯъ ва суҷуд зиёдат нашавад ва ба одоб ва сунан зиёдат шавад. Ва ин тасреҳ аст бад-он чи имонро вуҷудест ва пас аз вуҷуд ҳоли ӯ ба зиёдату нуқсон мухталиф шавад.

Суол: Ишкол боқӣ аст, чи тасдиқ як [хислат] аст, зиёдат ва нуқсон чӣ гуна шавад?

Ҷавоб: Чун мудоҳанат бигузорем ва ба шӯрангезии мухолифон илтифоте накунем ва парда бардорем, ишкол бархезад. Ва гӯем: имон исме муштарак аст, ки онро ба се ваҷҳ итлоқ кунанд:

Яке тасдиқи дил бар сабили эътиқод ва тақлид, бе кашф ва иншироҳи садр. Ва он имони авомм аст, бал имони кулли халқ, магар хавосс. Ва ин эътиқод уқдаест бар

¹ Асбот – (Ҷамъи сабата), мардумони устувордошта, мӯътамадон; дар нусхаи Маҷлис: салаф сикоти шухуду удуланд.
² Муҳим фаҳми он аст.

пешина
аз 567
навбатӣ