Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
дил, ки гоҳе қавӣ бошад ва гоҳе заиф, чун гиреҳе, ки масалан ба риштае бошад. Ва инро мустабъад набояд шуморд ва ба эътиқоди ҷуҳудон ва тарсоён ва мубтадеон эътибор бояд кард, чӣ касе аз эшон бошад, ки дар эътиқоди худ чунон сулб бувад, ки вайро ба тахвиф ва таҳзиру ваъз [206] ва тахийил ва бурҳону таҳқиқ аз он дур натавон кард. Ва касе бувад, ки ба камтар сухане дар шакк афтад ва [ба] андак истимолате ё тахвифе эътиқоди худ бигузорад, бо он чӣ дар эътиқоди худ ҳамчун аввалин бешакк буда бошад, валекин дар қуввати тасмим мутафовит бошанд. Ва он дар эътиқоди ҳаққ ҳам мавҷуд бувад ва амал дар намоз ва зиёдати ин тасмим муассир аст, чунон ки об додан дар намои дарахтон.
Ва барои он Ҳаққ таъоло гуфт: «Фазодаҳум имонан»1. Ва ҷои дигар: «Фазодатҳум имонан»2. Ва ҷои дигар: «Лияздоду имонан маъа имониҳим»3. Ва Пайғомбар – алайҳи-с-салоту ва-с-салом – гуфт: «ал-Имону язиду ва янқусу». Ва ин ба таъсири тоатҳо бувад дар дил. Ва инро дарнаёбад магар касе, ки аҳволи нафси худро дар авқоти мувозабат бар ибодат ва таҷарруд ба ҳузури дил – барои онро4 – муроқабат намояд ва дар авқоти футур ҳам ва тафовути ороми дил бо ақидаи имон дар ин аҳвол идрок кунад, то эътиқоди ӯ муҳкам шавад, чунон ки ҳалли он ба ташкик мумкин нагардад. Биллоҳ касе, ки маънии раҳмати бар ятим эътиқод дорад, чун бар мӯҷиби он кор кунад ва дасте бар сари ӯ фурӯд орад ва талаттуф намояд, устуворӣ ва афзунии раҳмат дар ботини худ дарёбад ба сабаби амал. Ва ҳамчунин мӯътақиди тавозӯъ чун бар муқтазои он кор кунад, ба саҷда кардан ва бӯсидан дар ҳоли иқдом бар хидмат аз дили
1 Оли Имрон, 3:173.
2 Тавба, 9:124.
3 Фатҳ, 48:4.
4 Барои ибодат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор