Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
хеш, тавозӯъ эҳсос кунад. Ва ҳамчунин ҳамаи сифоти дил, аъмоли ҷавореҳ аз он содир шавад. Пас, асари аъмол бар он бозгардад ва онро муаккад кунад ва зиёдат гардонад. Ва онро дар рубъи «Муҳликот» ва «Мунҷиёт» бихоҳем овард, чун ваҷҳи тааллуқи ботин ба зоҳир ва тааллуқи аъмол ба эътиқодҳо ва дилҳо баён хоҳем кард, ки онро аз ҷинси тааллуқи мулк ба малакут аст. Ва ба мулк олами шаҳодатро мехоҳем, ки ба ҳисс онро дартавон ёфт ва ба малакут олами ғайбро, ки ба нури басират дарёфта шавад. Ва дил аз олами малакут аст ва аъзо ва илмҳои он аз олами мулк. Ва пайвастагии ин ду олам дар латофат ва борикӣ ба ҳадде расидааст, ки баъзе мардумон чунон пиндоштаанд, ки яке [аз] он ба дигаре муттаҳид шудааст. Ва баъзе гумон бурда, ки олам нест магар олами шаҳодат ва он ин аҷсоми маҳсус аст. Ва он ки ҳар ду кор дарёфтааст ва тааддуди он бидониста, пас пайвастагии он бишинохта, иборат кардааст ва гуфта:
Ракқа-з-зуҷочу ва раққати-л-хамру,
Фаташобаҳо ва ташокала-л-амру.
Факааннаҳу ҳамрун ва ло қадахун,
Ва кааннаҳо кадахун ва ло ҳамрун.
[207] Ва ин ду байтро ба ду байти порсӣ тарҷума кардаанд, чунон ки сабт афтод:
Аз латифи ҷому лутфи май ба ҷом,
Кас надонад, к-ин кадомаст в-он кадом.
Гӯйӣ ин ҷо ҷом ҳасту бода нест,
Гӯйӣ он ҷо бода ҳасту нест ҷом.
Ва ба мақсуд бозгардем, чи ин сухан берун аз илми муомалат дарафтод, валекин миёни ин ду илм низ иттисол ва иртибот аст. Ва барои он илми мукошафаро мебинӣ, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор