Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
бар илми муомала дармеояд то он гоҳ, ки ба такаллуф даст аз он медорем. Пас, ваҷҳи зиёдати имон ба тоат ин аст, ба мӯҷиби ин итлоқ. Ва барои ин Алӣ – разия-л-Лоҳу анҳу – гуфтааст. «Инна-л-имона лаябду ламьатан байзоа, фаизо амила [ал-абду] ас-солиҳотӣ, намо ва зода ҳатто ябиза-л-қалбу куллуҳу ва инна-н-нифоқа лаябду нуктатан савдоа, фаиза-н-таҳака-л-хурумотӣ, намат ва зодат ҳатто ясвадда-л-қалбу куллуҳу фаютбаъу ало қалбиҳӣ. Фазолика-л-хатму». Ва тало [қавлаҳу таъоло]: «Калло бал рона ало кулубиҳим (ал-оя)». Ай, [ба] имон нуктае сапед дар дил пайдо ояд, чун банда корҳои некӯ кунад, биболад ва зиёдат шавад, то тамоми дил сапед гардад ва ба нифоқ нуктае сиёҳ пайдо ояд ва чун бар шикастани ҳурматҳо иқдом намояд, намо гирад ва афзунӣ пазирад, то тамоми дил сиёҳ шавад ва бар он матбӯъ гардад, ки беш ва ҳаққу хайр илтифот нанамояд ва онро хатм хонанд. Ва чун сухан ин ҷо расид, ин оят бихонд: «Қола бал рона ало кулубиҳим», ай, аъмол ва макосиби эшон чун занге¹ шуд бар дили эшон, ки бад-он сабаб ҳаққро аз ботил ва хайрро аз шарр нашносад.
Итлоқи дуввум он аст, ки бад-он тасдиқи бо амал хоҳанд. Чунон ки Пайғамбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «ал-Имону бизъун ва сабъуна бобан». Ва чунон ки гуфт: «Ло язни-з-зонӣ ва ҳува мӯъминун ҳина язнӣ». Ва чун амалро дар муқтазои лафзи имон дохил кунанд, зиёдат ва нуқсони он пӯшида намонад, валекин сухан дар он аст, ки амал дар зиёдати тасдиқ таъсир кунад ё на. Ва ишорате собиқ шудааст.
Итлоқи севвум он аст, ки бад-ӯ тасдиқи [яқинӣ] хоҳанд бар сабили кашф ва иншироҳ ва мушоҳада ба нури басират. Ва ин дуртари аксом аст аз қабули зиёдат. Валекин корҳои яқинӣ, ки дар онҳо шакк набусад, ороми нафс
1 Занг -- зангор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор