Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
бо он мухталиф аст. Чӣ ороми нафс бо ин қазия¹, ки ду беш аз яке аст, ҳамчунон нест, ки ороми [208] нафс бо ин қазия, ки олам маснӯъ ва муҳдас аст, бо он ки дар ҳар яке шакк нест, бал яқиниёт дар дараҷоти вузӯҳ ва дараҷоти ороми нафс бо он мухталиф аст. Ва ин маъни дар фазли яқин аз боби аломоти уламои охират дар «Китоби илм» баён кардаем. Ба иодат ҳоҷат нест. Ва зоҳир шуд, ки он чи дар зиёдат ва нуқсони имон гуфтаанд, дар кулли итлоқот ҳаққ аст. Ва чӣ гуна ҳаққ набошад, ки Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфтааст: «Яхруҷу мина-н-нори ман қона фи қалбиҳӣ мисқолу зарратин мина-л-имони». Ва дар хабари дигар «мисқолу динорин» омадааст. Ва агар он чи дар дил аст, мутафовит набошад, ихтилофи мақодирро чӣ маъни бувад?
¹ Дар асл: чӣ онро нафси ин қазия; ва бар тибқи матни арабӣ ва дунболаи тарҷумай форсӣ қиёсан тасҳеҳ шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор