Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
[МАСЪАЛАИ СЕВВУМ]
Суол: Он чӣ дар салаф ривоят кардаанд, ки «Инно мӯъминуна ин шоа-л-Лоҳ» гуфтандӣ, чӣ ваҷҳ дорад, ки истисно шакк бошад ва шакк дар имон куфр бувад? Ва ҳамгинон аз ҷавоби мутлақ гуфтан дар имон имтиноъ менамуданд ва эҳтироз мекарданд.
Саврӣ гуфт: «Ҳар кӣ бигӯяд «Ман инда-л-Лоҳ мӯъминам», ӯ аз дурӯғзанон бошад, ва ҳар кӣ бигӯяд «Ано мӯъминун ҳаққан», мубтадеъ бувад. Пас, чӣ гуна дурӯғзан бувад, ки ӯ дар нафси худ [медонад] мӯъмин аст? Ва ҳар кӣ дар нафси худ мӯъмин бувад, инда-л-Лоҳ мӯъмин бошад, чунон ки ҳар кӣ дар нафси худ дароз бошад ё пир ва онро бидонад, наздики Худой ҳамчунон бувад ва ҳамчунин ҳар кӣ шод, ё андӯҳгин, ё шунаво, ё бино бувад. Ва агар одамиро гӯянд, ки ту ҳайвонӣ, хуб наёяд, ки гӯяд: «Ано ҳайвонун ин шоа-л-Лоҳ». Ва чун Суфён ин сухан бигуфт, вайро гуфтанд: «Пас чӣ гӯем?» Гуфт: «Бигӯед: «Оманно би-л-Лоҳи ва мо унзила илайно». Ва чӣ фарқ бошад миёни [он чи «оманно би-л-Лоҳи ва мо унзила илайно» гӯяд ва миёни] он чи «ано мӯъминун» гӯяд?
Ва Ҳасанро гуфтанд: «А мӯъминун анта?» Гуфт: «Ин шоа-л-Лоҳ». Вайро гуфтанд: «[Чаро] дар имон истисно мекунӣ?» Гуфт: «Метарсам, ки «наъам» гӯям ва Ҳаққ таъоло гӯяд: «Дурӯғ гуфтӣ, эй Ҳасан!» Ва азоб бар ман лозим ояд. Ва гуфтӣ, ки чӣ чиз омин кунад маро аз он чи Ҳаққ таъоло бар ман итлоъ фармуда бошад дар баъзе он чи макрӯҳи вай аст ва маро душман гирифта ва гуфта: «Бирав, эй Ҳасан, ки ҳеҷ амале аз ту қабул накунам». Пас, ҳама аъмоли ман бефоида бошад!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор