Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва Иброҳим¹ гуфт: «Чун туро пурсанд: «А мӯъминун анта?» Бигӯ: «Ло илоҳа илла-л-Лоҳу». Ва дар вақте дигар гуфт: «Бигӯ ман дар имон шакк надорам ва суоли ту аз ман бидъат аст».

Ва Алқамаро гуфтанд: «А мӯъминун анта?» Гуфт: «Ар-чу ин шоа-л-Лоҳ». Ва Саврӣ гуфт: «Мо имон овардаем ба Худой [209] ва фариштагон ва китобҳо ва пайғамбарони Ӯ ва надонем, ки ҳукми мо наздики Ӯ чист». Пас, маънии ин истисноҳо чӣ бошад?

Ҷавоб: [Ин] истисно дуруст аст ва онро чаҳор ваҷҳ аст: ду ваҷҳи он ки ба шакк мустанад аст, лекин на дар ас-ли имон, бал иммо дар камол ва иммо дар хотимат; ва ду ваҷҳи он ки ба шакк мустанад нест.

Як ваҷҳ он ки ба шакк мустанад нест, эҳтироз аст аз ҷазз аз бими он ки дар ӯ тазкияти нафс бошад. Қола-л-Ло-ҳу таъоло: «Фало тузакку анфусакум»². Ва қола: «Алам тара ила-л-лазина юзаккуна анфусакум?»³ Пас гуфт: «Унзур кай-фа яфтаруна ала-л-Лоҳи-л-казиба»⁴.

Ва ҳакимеро пурсиданд: «Сидқи қабеҳ чист?» Гуфт: «Санои мардум бар нафси худ». Ва имон олитарин сифоти [маҷд] аст. Ва ҷазз кардани он тазкияи мутлақ бошад. Ва сиғати истисно чунонастӣ, ки қуввати тазкият кам мекунад ва заиф мегардонад, чунон ки касеро гӯянд: «Ту табибӣ ё фақеҳ, ё муфассир?» Ӯ гӯяд: «Оре, ин шоа-л-Лоҳ», на дар маҳрази ташкик, бал барои он ки худро сано нагуфта бо-шад. Ва сиғати⁵ [сигат]-и тардид ва таъзиф [барои нафс]-и

¹ Мурод Иброҳим ибни Язиди Наҳаӣ фақеҳи Куфа аст, на Иброҳи-ми Адҳам ончунон ки баъзе гумон бурдаанд. (Шарҳи Забидӣ).
² Наҷм, 53:32.
³ Нисо, 4:49.
⁴ Нисо, 4:50.
⁵ Сиғаи истисно. Дар матни арабӣ: фа-с-сиғату сиғату-т-тардид ва-т-таъзиф линафси-л-хабар.

пешина
аз 567
навбатӣ