Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
хабар аст. Ва маънии он тазъифи лозиме аст аз лавозими хабар ва он тазкият аст. Ва бад-ин таъвил агар аз сифати замм пурсанд ё аз сифате, ки мутазаммини мадҳ ва замм бибошад, истисно хуб наёяд.
Ваҷҳи дуввум табаррук ва тааддуб ба зикри Худой – азза ва ҷалла – ва ҳаволаи корҳо ба машсияти Ӯ, чунон ки Борӣ таъоло – субҳонаҳу ва таъоло – Пайғомбари худро фармудааст: «Ва ло тақуланна лишай-ин иннӣ фоъилун золика ғадан илло ан яшоа-л-Лоҳу»¹. Ва дар корҳое, ки дар он шакк бошад, иқтисор нанамуда, бал дар корҳои яқинӣ ҳам фармуда, чунон ки гуфтааст: «Латадҳуланна-л-масҷида-л-Ҳарома ин шоа-л-Лоҳу оминӣна, муҳаллиқӣна руусакум ва муқассирӣна ло таҳофун»². Ва Борӣ таъоло олим будааст бад-он ки ломуҳола дархоҳад рафт³ ва онро хоста буд. Ва-лекин мақсад таълим буд.
ПАС, Пайғомбар бар муқтазои ин адаб рафт дар кулли он чӣ аз он ихбор кард аз маълумоту машкукот то ба ҳадде, ки чун дар гӯристон рафт, гуфт: «Ассалому алайкум дора қавмин мӯъминӣна ва инно ин шоа-л-Лоҳу бикум лоҳиқӯ-на». Ва дар луҳук⁴ бад-эшон шакк набувад, валекин адаб зикри Ҳаққ таъоло ва бозбастани корҳо бад-Ӯ иқтисор кард. Ва ин сиғад долл аст бар он ки то ба урфи истеъмол иборате шудааст аз изҳори [210] рағбат ва таманно. Ва чун туро гӯянд: «Душмани ту ба зудӣ бимирад», гӯйӣ: «Ин шоа-л-Лоҳ». Ва аз ин сухан рағбати ту мафҳум шавад, на шакки ту. Ва чун гӯянд: «Бемории дӯсти ту ба зудӣ зоил шавад ва сиҳҳат ёбад». Гӯйӣ: «Ин шоа-л-Лоҳ», ба маънии рағбат. Пас ин калима аз шакк ба маънии рағбат маъдул шудааст. Ва барои ин маъно дар табарруку тааддуб ба зикри Ҳаққ таъо-
1 Каҳф, 18:23.
2 Фатҳ, 48:27.
3 Дархоҳад рафт – дохил хоҳад шуд.
4 Луҳук – пайвастагӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор