Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ло кор баста мешавад ба ҳар навъ, ки бошад.

Ваҷҳи севвум ва аз ду ваҷҳ, ки ба шакк мустанад аст, яке он аст, ки шакк дар камоли имон аст ва маънии ӯ он аст, ки мо мӯъминем ҳаққан иншоаллоҳ. Чӣ Борӣ таъоло дар ҳаққи қавме махсус муайян фармудааст: «Улоика ҳуму-л-мӯъминуна ҳаққан»1.

Мутарҷим мегӯяд, ки ин таркиб ҳаср иқтизо кунад, ай эшонанд, ки мӯъминонанд ҳаққан, на дигарон, ки бад-ин сифот мавсуф наанд, чунон ки агар гӯйӣ: «Зайдун ҳува олимун». Ин таркиб чунон иқтизо кунад, ки олим Зайд бошад бас, ба хилофи он чӣ гӯйӣ: «Зайдун олимун». Чӣ ин таркиб беш аз он иқтизо накунад, ки Зайд олим аст ва нафийи илми дигаре аз вай2 мафҳум нашавад. Ва дар ин оятҳо ду далолат аст бар ҳаср. Яке ин чӣ такрир афтод ва дуввум дар оятҳо, ки пеш аз ин аст: «Иннама-л-мӯъминуна-л-лазина изо зукира-л-Лоҳу (ило охири-л-оятайн)»3. Чӣ лафзи «иннамо» ҳаср иқтизо кунад, чунон ки дар аввали «Китоби илм» баён карда шудааст ва маъно он бошад, ки ҷуз мавсуфони бад-ин сифот мӯъмин набошанд. Ва бад-он мӯъминони комил хоҳад, чӣ асли имон ғайри мавсуфонро ҳам мусбат аст. Пас бад-ин далел, мӯъминон ду қисм бошанд: комил ва ғайрикомил.

Ва шакк дар камоли имон бувад, на дар асл. Ва ҳар одаме, ки ҳаст, дар камоли имони худ ба шакк аст ва он куфр набошад. Ва шакк дар камоли имон ҳаққ аст аз ду ваҷҳ:

Яке он ки нифоқ музили камоли имон аст ва он пӯшида аст ва безорӣ аз он муҳаққақ нест.

Ва дуввум он ки ба амали тоъот камол пазирад ва ву-

1 Анфол, 8:4.
2 Илми дигаре аз вай — илми ғайри ӯ, илми ҷуз ӯ.
3 Анфол, 8:2-3.

пешина
аз 567
навбатӣ