Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
чуди он ба камол маълум на.
Аммо амали тоат: Ҳақ таъоло фармудааст: «Инна-ма-л-мӯъминуна-л-лазина оману би-л-Лоҳӣ ва расуЛИҲИ сумма лам яртобу ва ҷоҳаду биамволиҳум ва анфусиҳим фи сабили-л-Лоҳӣ, улоика хуму-с-содиқун»¹.
Мутарҷим мегӯяд, ки [он чӣ] дар оятҳои пешин тақрир афтодааст, ҳама дар ин оят мавҷуд аст. Яке он ки «иннамо» ҳаср иқтизо кунад; дуввум он ки фасли миёни мубтадо ва хабар, фоидаи ӯ ҳасри хабар бошад дар мубтадо.
Ва дар ояти дигар гуфтааст: [211] «Валокинна-л-бирра ман омана би-л-Лоҳӣ ва-л-явми-л-охири»². Ва бист сифат, чун вафо ва сабр ёд фармудааст. Пас гуфта: «Улоика-л-лазина садақу». Ва дар ин ҳам ҳаср аст. Ва гуфт: «Ярфаъу-л-Лоҳу-л-лазина оману минкум ва-л-лазина уту-л-илма дараҷотин»³. Ва гуфт: «Ло ястави минкум ман анфақа мин қабли-л-фатаҳи [ва қотала]⁴. Ва гуфт: «Ҳум дараҷотун инда-л-Лоҳи»⁵. Ва Пайғамбар – алайҳи-с-салоту ва-с-салом – гуфт: «ал-Имону урёнун ва либосуҳу-т-тақво»⁶. Ва гуфт: «Лил-имони бизъун ва сабъуна бобан, адноҳо имотату-л-азоани-т-тариқ»⁷. Ва ин ояту ахбор далел аст бар он ки камоли имон муртабит аст ба аъмол.
Ва аммо он чӣ камоли имон манот аст ба безорӣ аз нифоқу ширки хафӣ, далели ӯ он аст, ки Пайғамбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Арбаъун ман кунна фиҳи фахува мунофикун холисун ва ин сома ва салло ва заъама аннаҳу мӯъминун: [ман] изо ҳаддаса казаба ва изо ваъада ахлафа ва
¹ Ҳуҷурот, 49:15.
² Бақара, 2:177.
³ Муҷодала, 58:11.
⁴ Ҳадид, 57:10.
⁵ Оли Имрон, 3:163.
⁶ Имон бараҳна аст ва ҷомаи он тақвост.
⁷ Барои имон ҳафтоду анд боб аст, наздиктарини он дур кардани музоҳим аст аз раҳгузари мардумон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор