Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
иза-ъ-тумина хона ва изо хосама фаҷара». Ай, чаҳор хислат дар ҳар кӣ бибошад ӯ мунофиқи холис бувад, агарчи намоз гузорад ва рӯза дорад ва гӯяд, ки мӯъмин аст: [он ки] чун сухан гӯяд дурӯғ бошад ва чун ваъда диҳад хилоф бувад ва чун амин дошта шавад хиёнат кунад ва чун хусумат кунад аз диёнат берун ояд. Ва дар баъзе ривоёт «ва изо оҳада азара» омадааст. Ай, чун аҳд бандад бевафоӣ кунад. Ва дар ҳадиси Бӯсаиди Худрӣ аст – разия-л-Лоҳу анҳу: «ал-Қулубу арбаъатун: қалбун аҷраду ва фиҳи сирочун юзҳиру ва қалбун мусфиҳун ва фиҳи имонун ва нифокун, фамасалу-л-имони фиҳи ка-л-бақлати ямуддуҳа-л-моу-л-азбу ва масалу-н-нифоқи фиҳи камасали-л-курҳати ямуддуҳа-л-қайҳу ва-с-садиду, фаайю-л-моддатайни ғалаба алайҳи ҳукима лаҳу биҳо». Ай, дилҳо чаҳор навъ аст: диле муҷаррад ва дар вай чароге рӯшан. Ва диле дурӯй ва дар вай имон ва нифоқ муҷтамаъ ва масали имон дар ӯ чун наботе [аст], ки асл ва фаръи онро суботе [бувад] ва оби азб вайро мадад бошад ва масали нифоқ дар вай чун реше, ки риму зардоб вайро мадад кунад, пас аз ин ду мадади ҳар кадом бар вай ғолиб шавад, ҳукми вай он бувад. Ва дар ривояте дигар: «Ғалаба алайҳи заҳаба биҳи». [212] Ай, вайро бо худ барад.
Ва Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфтааст: «Аксару мунофиқи ҳозиҳи-л-уммати курроуҳо». Ай, бештари мунофиқони ин уммат куррои эшонанд. Ва дар ҳадис аст: «аш-Ширку ахфо фи уммати мин дабиби-н-намлати ала-с-сафо». Ай, ширк дар уммати ман пӯшидатар аз рафтани мӯрча аст бар санги лашан.
Ва Ҳузайфа гуфт: «Дар аҳди Пайғомбар касе калимае гуфтӣ, бад-он мунофиқ шудӣ ва ман дар рӯзе онро аз шумо даҳ бор мешунавам». Ва яке аз уламо гуфт: «Наздиктарини мардумон ба нифоқ он кас аст, ки худро аз он мубарро донад». Ва Ҳузайфа – разия-л-Лоҳу – гуфт: «Мунофиқон имрӯз беш аз онанд, ки дар аҳди Пайғомбар буданд ва дар он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор