Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
аҳд онро пӯшида доштандӣ ва имрӯз зоҳир мекунанд».
Мусанниф мегӯяд, ки онро нифоқ музоди сидки имон ва камоли он аст ва пӯшида аст. Ва дуртарини мардумон аз ӯ он кас аст, ки аз ӯ тарсон бошад ва наздиктар бад-ӯ он ки худро аз ӯ мубарро донад. Ва Ҳасанро – разия-л-Лоҳу анҳу – гуфтанд, ки чунин мегӯянд, ки имрӯз нифоқ нест, гуфт: «Эй бародар, агар мунофиқон ҳалок шаванд, дар роҳ бе рафиқ монед». Ва ҳам-ӯ ва ғайри ӯ гуфт: «Агар мунофиқонро дум рӯяд натавонем, ки дар замин қадаме гузорем». Ва Абдуллоҳи Умар аз марде шунид, ки дар Ҳаҷҷоҷ қадҳе мекард. Вайро гуфт: «Агар ҳозир будӣ, дар мушофаҳаи вай гуфтӣ?» Гуфт: «На». Фармуд, ки дар аҳди Пайғамбар мо инро аз нифоқ шумурдемӣ.
Ва Пайғамбар – алайҳи-с-салоту ва-с-салом – гуфт: «Ман кана зо лисонайни фи-д-дунё ҷаъалаҳу-л-Лоҳу зо лисонайни фи-л-охирати». Ай, ҳар кӣ дар дунё дузабон бошад, Ҳаққ таъоло вайро дар охират дузабон гардонад. Ва низ гуфт: «Шарру-н-носи зу-л-ваҷҳайни-л-лазӣ ятӣ ҳаулой биваҷҳин ва ҳаулой биваҷҳин». Ай, бадтарини мардумон дурӯй аст, ки бар ҳар тоифае ба рӯи дигар ояд. Ва Ҳасанро – разия-л-Лоҳу анҳу – гуфтанд, ки гурӯҳе мегӯянд: «Мо аз нифоқ натарсем». Гуфт: «Ба Худой, ки ман донистани бароати худро аз нифоқ дӯсттар аз он дорам, ки пурии замини зарро». Ва ҳам-ӯ гуфт: «Ихтилофи забону дил ва сирру алония ва мадҳалу махраҷ аз нифоқ [аст]». Ва марде Ҳузайфаро гуфт: «Ман аз нифоқ метарсам». Гуфт: «Агар мунофиқ бошӣ аз нифоқ натарсӣ, чӣ мунофиқ аз нифоқ эмин бошад». Ва Ибни Абимулайка – раҳимаҳуллоҳ – гуфт: «Саду си касро – ва дар ривояти дигар понсад касро – аз саҳобаи Пайғамбар ёфтам, ки аз нифоқ метарсиданд».
Ва омадааст, ки Пайғамбар – алайҳи-с-салом – дар миёни саҳоба нишаста буд, зикри марде рафт, бар вай бисёр [213] сано гуфтанд. Дар аснои он вай тулуъ намуд ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор