Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
об аз рӯи вай мечакид аз асари обдаст, наълайн дар даст гирифта ва асари суҷуд миёни ду чашми вай зоҳир. Гуфтанд: «Ё Расулуллоҳ, ин он мард аст, ки сифати вай мегуфтем». Пайғомбар фармуд, ки бар рӯи вай аломате сиёҳи шайтонӣ мебинам. Пас, ба хидмати Пайғомбар омад ва салом гуфт ва бо мардумон бинишаст. Пайғомбар вайро гуфт: «Нашадтука-л-Лоҳа, ҳал ҳаддаста нафсака ҳина ашрафта ала-л-қавми аннаҳу лайса фиҳим хайрун минка». Ай, савганд медиҳам туро ба Худое, ки чун бар ин қавм мутталеъ шудӣ, ҳеҷ дар дили ту омад, ки дар миёни эшон беҳ аз ту касе нест? Гуфт: «Оре». Ва Пайғомбар дар дуо гуфт: «Аллоҳумма иннӣ астағфирука лимо алимту ва лимо лам аълам». Ай, омурзиш мехоҳам аз он чи донистаам ва аз он чи надонистаам. Вайро гуфтанд: «Ё Расулаллоҳ, мебитарсӣ?» Фармуд: «Мо юъминунӣ ва-л-қулубу байна исбиъайни мин асобиъи-р-Раҳмони юқаллибуҳо кайфа яшоу». Ай, чӣ чиз омин кунад маро, ки дилҳо миёни ду исбаъ аст аз асобеъи Раҳмон, мегардонад онро чунон ки хоҳад.
Мутарҷим мегӯяд, ки мурод аз исбизайн малак ва шайтон аст, ки Ҳаққ таъоло ба воситаи эшон дилҳо мегардонад ба сӯи некӣ ва бадӣ, чунон ки касе чизеро ба ду ангушт бигардонад. Ва раво ки иборат бошад аз доияи хайр ва доияи шарр. Ин ду доия дилҳо бигардонад. Ва тахсиси исми Раҳмон бад-он сабаб аст, ки чунон ки ифозати ҳидоят хосс аст дар ҳаққи баъзе бандагон, раҳмати раҳмонӣ хосс аст. Ва он навъест аз раҳмат, ки тааллуқ ба саодати охират дорад ва дуртар аст аз мақдуроти бандагон ва бад-он сабаб исми Раҳмон наздик аст ба исми Аллоҳ. Ва дар масобати алам аст ва бад-ин сабаб вайро пас аз Аллоҳ овардааст ва пеш аз Раҳим. Ва дар муқобалаи Аллоҳ ёд фармудааст: «Кулидъу-л-Лоҳа авидъу-р-Раҳмона» ва бо он чи исми раҳмат аст, аммо бад-он чи раҳматест, ки баъзе аз он маҳ-
1 Исро, 17:110.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор